Activities calendar

11 апрели 2019

Мулоқоти зиддикоррупсионӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар доираи Нақшаи фаҳмонидани мундариҷа ва самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо корманди салоҳиятдори Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дафтари намояндагӣ ва кормандони МТРК «Мир» аз “офат” наҷот дода шуданд

Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии як дарси омӯзишӣ роҳҳои ҳифзи бино ва наҷоти кормандони намояндагии МТРК «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳолати фавқулодае назири заминларза тамрин карданд.  Онҳо фаврӣ “зарардидагон” аз ин офатро аз дохили бино берун бурданд ва барои расонидани ёрии аввали тиббӣ

Ифротгароӣ ва терроризм-зуҳуроти номатлуби замони муосир

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.