Заминларза дар кишвар

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 28 марти соли равон, соати 15:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин зилзила 313 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 60-километрии ҷанубу ғарб аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ, дар қаламрави Афғонистон буд.

Ҳалокати 4 нафар дар як садамаи мошин дар дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайомадҳои садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро бартараф намуда, ба як мусофири маҷрӯҳ кумак расониданд.

28 марти соли 2024, соати 12:40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба  Қисми навбатдории КҲФ дар бораи рух додани садама дар километри 148,3 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, ки аз ҳудуди ноҳияи Айнин мегузарад, хабар расид.

Аз беназоратии волидон тифли чорсола дар оби калан уфтоду ҷон бохт

Як кӯдаки 4-сола, сокини деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кушониён аз беназоратии падару модар дар канали деҳа уфтодаву ҷон бохтааст.

Рӯзи 28-марти соли 2024 наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади ӯро 500 метр поинтар аз ҷойе, ки ба об сарозер шуда буд, пайдо ва ба пайвандонаш супурданд.

Ҳушдор аз боронҳои рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки рӯзҳои 29-30 марти соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон борони шадид меборад.  Дар водиҳо ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво рӯзона то 8-10 дараҷа паст мешавад.

Наҷотдиҳандагон дари оҳании манзили истиқоматиеро боз карданд, ки тифли сесола танҳо монда буд

Дар давоми 24 соати охир дар кишвари мо ягон ходисаи табий ба кайд гирифта нашудааст. Сарфи назар аз ин, воҳидҳои наҷоти КҲФ пайваста дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои расонидани кумак ба аҳолӣ омодаанд.

27 марти соли 2024, соати 14:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар бинои бисёрошёна...

Страницы