СОЛИ НАВУ ИҚБОЛИ НАВ!

Муҳтарам корбарони сомона, дӯстони иззатманд! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Соли Нави 2019 самимона муборакбод мекунад!

Бигзор ин сол соле бошад, ки Шумо дар амнияти комил ҳаёт ба сар баред. Саломатӣ, хушиҳои зиндагӣ ва беҳбудиҳо ҳамқадаму ҳамроҳи Шумо ва наздикони Шумо бошанд!

Бигзор рӯйдодҳои хотирмони имсол умре дар хотири Шумо нақш банданд ва мову шумо бо дидгоҳҳои тозаву нақшаҳои нави корӣ пой ба остонаи соли Нав ниҳем!

Таманно мекунем, ки дар ин рӯз Шумо дар иҳотаи дӯстонатон бошед, бигзор гармии оташи муҳаббати хонаводагӣ ҳамеша бо Шумо бошад. Аз чашми бад ҳамеша дур бошед!

Бигзор дар Соли Нав ҳамаи орзуҳои Шумо амалӣ гарданд ва ҳамаи нобарориҳо дар соли куҳан монанд!

Барои Шумо ва наздиконатон ҳама хушиҳои оламро таманно дорем!

барчасп: