ноября 2019

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 30 сомонаро экстремистӣ хонд

Чӣ тавре, ки пештар хабар дода шуда буд, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо,

Наҷотдиҳандагони ВМКБ соҳиби таҷҳизоти нави имдод шуданд

Воҳидҳои наҷотдиҳӣ дар ВМКБ соҳиби таҷҳизоти нави имдодӣ шуданд. Ин идомаи риштакумакҳои Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Дастаҳои наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ буд. Сарвари Агентии Оғохон оид ба макони зист ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ, ки дар расми таҳвили таҷҳизот ҳузур дошт, гуфт, ки ин ниҳод дар оянда низ идораи наҷотро ба хотири беҳбудиву некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.

Вазъи ҳавои кишвар дар рӯзи панҷшанбе, 14-уми ноябр

Маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳавои рӯзи 14 ноябр тақрибан бебориш аст (ба истиснои баъзе ноҳияҳо), аммо дар аксар минтақаҳои кишвар аз фуруд омадани тум ани тунук хабар дода мешавад.  Ҳарорат мисли рӯзи 13-ум аст. Бод ҳам тақрибан суръати вазиши худро тағйир намедиҳад.
14-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳаво бебориш хоҳад буд,

Мулоқоти судманд бо намояндагони Кумитаи дин

12 ноябри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мавзуъи суҳбат татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва “Консепсияи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” буд.

Марги асроромези ҳазорон паранда дар соҳили яке аз кӯлҳои оби шӯри Роҷистони Ҳинд

Идораи ҷангалбонии Ҳинд аз марги ҳазорон паранда дар атрофи бузургтарин кӯли ин кишвар воқеъ дар Роҷистон (бузургтарин иёлоти Ҳиндустон, ки ба унвони сарзамини подшоҳон шинохта шудааст) хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки марги асроромези парандагон мақомоти ин кишварро нигарон кардаанд ва ҳоло омӯзиши ҳолати мавҷуд ва иллатҳои ин маргумир шуруъ шудааст.

Пешвои миллат аз ЮНЕСКО хостанд ба экспедитсияи пажӯҳишии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хостори мусоидати ЮНЕСКО дар пажӯҳиши пиряхҳо дар осиёи Марказӣ шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи гузашта дар  40 – умин ҷаласаи Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим дар Порис суханронӣ мекарданд, аз коҳиши теъдоди пиряхҳо дар олам изҳори нигаронӣ

Иштироки Пешвои миллат дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ

12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, иштирок карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои иштирокчиро Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон истиқбол гирифт.

Обу ҳавои рӯзи чоршанбе, 13-уми ноябр

Агентии ҳавошиносии кишвар ҳавои рӯзи 13 ноябрро аслан офтобӣ гуфтааст. Танҳо дар баъзе минтақаҳо борони кутоҳмуддат меборад. Ҳарорат мисли рӯзи 12-ум аст. Ба фарқ аз имрӯз рӯзи 13-ум бод суръати худро коҳиш медиҳад, ки инро дар зер хоҳед хонд. 

13-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳаво бебориш хоҳад буд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад.

ДОНИСТАНИҲО: Шумори ҳодисаҳои фавқулодаи кишвар дар солҳои 2015-2016-ро медонед?

Бино ба оморҳои таҳлилӣ дар соли 2015 дар саросари кишвар 90 ҳолати фавқулода сабт шудааст. Бар асари боронҳои шадид 42 ҳодисаи омадани селҳои харобиовар ба қайд гирифта шуда буд, ки он дар маҷмуъ 46,6% ҳодисаҳои фавқулодаи он солро ташкил медод.

Соли 2015 дар кишвар 15 маротиба замин такон хӯрдааст.

Тӯфон соҳилҳои Ҳинд ва Банглодешро ноором кард: 13 нафар ҷон доданд, ду миллион паноҳанда шуданд

Тӯфони тропикӣ дар  ноҳияҳои соҳилии Бангладеш ва Ҳинд сабабгори ҳалокати 13 нафар шуд, садҳо хонаро вайрону валагор кард. Мақомот гуфтанд, ки ду миллион нафар хонаву кошонаи худро такр карданд ва ин шаби пурхатарро дар паногоҳҳо ба рӯз оварданд. Ин тӯфон бо як боди шадиде ҳамроҳ буд, ки бо суръати 120 километр дар як соат мевазид. Боди сахт садҳо хонаро валангор кард ва даҳҳо танро захмӣ намуд.

Обу ҳавои рӯзи сешанбе, 12-уми ноябр

Гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар боз ҳам ҳикоят аз он мекунад, ки ҳаво рӯзи сешанбе, 12 ноябр дар саросари кишвар бебориш аст. Аммо ин бор ҳавои тағйирёбанда эълон шудааст. Яъне, дар сардиву гармӣ минтақаҳо назар ба ду рӯзи охир каме фарқ мекунанд. Аммо ин фарқи чандон назаррас нест. Ба сурати умум моро рӯзи сешанбе ҳавои бебориш интизор аст ва суръати вазиши бод ҳам мисли ҳамарӯза: аз 3 то 8 метр дар як сония аст.

Сарварони идораҳои давлатҳои узви СҲШ ба таҳкими ҳамкориҳо таъкид карданд

Сарварони идораҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар нишасти Деҳлӣ ба таҳкими ҳамкориҳо дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода мувофиқат карданд. Дар ин ҷаласа, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор  шуд, натиҷаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид, ҳамчунин тарҳи нави ин ҳамкориҳо тасдиқ шуд.

Страницы