феврали 2020

46 нафар донишҷӯёни баргашта аз Вуҳони Чин дар осоишгоҳи Харангон таҳти назорати табибон қарор гирифтанд

11 феврали соли равон 46 нафар донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Вуҳони Чин бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба ватан баргардонида шуданд. Вуҳон шаҳрест, ки аввалин бор вируси короно дар он кашф шуд ва ҳоло аз сабаби густариши беморӣ дар карантин қарор дорад.

Шадидтарин борон дар Сидней, ки 30 соли охир собиқа надоштааст

Шаҳри Седней – калонтарин ва қадимитарин шаҳри Австралия ба борони шадиде рӯ ба рӯ шуд, ки зарфи 30 соли охир собиқа надошт. Маркази ҳавошиносии ин кишвар гуфтааст, ки мизони бориши борон дар ин минтақа дар чаҳор рӯз аз 29 сантиметр гузаштааст ва метавонад  сабабгори селобҳои басо хатарнок шавад. Ин борандагии шадид бештар аз 100 ҳазор хонаро бе қувваи барқ мондааст.

Пешбинии тӯфонҳои хуршедии барои Замин хатарнок

Олимони Донишгоҳи Варвики Британия Кабир ва хадамоти антарктикии Британия ҳадди хатари тӯфони биомагнитиро, ки бар асари фаъолшавии офтоб рух медиҳад ва қодир аст ба таҷҳизоти электронӣ зарар расонад, шарҳ доданд ва гуфтанд, ки он ҳар 25 сол як маротиба рух медиҳад. Аммо тӯфонҳои хатарнок ва пурқудрат дар ҳар се сол ба вуҷуд меоянд. Дар ин бора нашрияи  Science Alert хабар дод.

Маргбортарин рӯзи вируси короно. Дар Чин рӯзи якшанбе 97 нафар аз ин беморӣ ҷон доданд

Рӯзи якшанбе марговартарин рӯзи вируси короно аз замони кашфи он буд. 97 нафар сокинони Чин бар асари сирояти ин беморӣ ҷон доданд. Шумори ҳалокшудагон аз шумори куштагони вируси SARS дар соли 2002 боло рафт. То кунун дар вилояти Ҳубейи Чин, ки беморӣ пайдо ва афзоиш ёфт, 780 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Шумори умумии ҳалокшудагон бар асари ин беморӣ ба 908 нафар расид, ки ба ҷуз ду

Тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои эҳтиёт аз короновирус

Вируси короно, ки дар минтақае аз Чин пайдо шуд, ҳоло ҷони даҳҳо ҳазор нафарро дар хатар гузоштааст. Шумори фавтидагон ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Ҷуғрофияи густариши он торафт васеъ мешавад ва тибқи хабарҳои охир онро дар 35 кишвари олам ошкор кардаанд. Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҳоли баррасии ҷиддии ин мавзуъ ҳастанд, ки оё бемории нав таҳдиди азим ба оламиён аст ва ё метавон

Охирин хабарҳо аз короновирус: Шумори фавтидагону сироятшудагон ҳамоно рӯ ба афзоиш аст

Шумори фавтидагон аз короновирус дар Чин ба 722 нафар расид. Ҳамзамон мақомоти давлатӣ хабар доданд, ки то ба субҳи рӯзи шанбе, 8-уми феврал 34,5 ҳазор нафар сироятёфтагон ба қайд гирифта шудаанд. Рӯзе қабл расман аз сирояти 31,1 ҳазор ва марги 636 нафар хабар дода мешуд. Мақомот ҳамчунин хабар доданд, ки тӯли ин муддат теъдоде аз бистаришудагон муолиҷа шудаанд.

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳар як оила туҳфа карда шавад.
2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо

Короновируси чинӣ: Марги духтуре, ки ин вирусро кашф карда буд

Духтуре, ки бори аввал аз пайдо шудани вируси ношинос дар шаҳри Ҳубей хабар дода буд, худ аз ин беморӣ фавтид. Субҳи рӯзи 7 феврали соли равон мақомоти чинӣ аз марги 636 нафар ва сирояти 31 ҳазору 161 нафар хабар доданд. Зарфи як шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ дар Чин 73 нафар ҷон доданд, ки аксари онҳо бошандагони вилояти Ҳубей мебошанд. Мақомот хабар доданд, ки то кунун 1153 нафар сироятёфтагонро

Машғулиятҳо барои сарбозону афсарони қисми низомии Кумита дар вилояти Суғд

Сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии Кумита дар бораи ёриҳои аввали тиббиву равонӣ бояд чиро донанд? Ҳангоми сар задани ин ё он ҳаводиси фавқулода чӣ бояд кунанд? Ёриҳои равонӣ, яъне чӣ? Чаро расонидани кумаки равонӣ дар ҳолатҳои фавқулода хеле муҳим аст? Инҳо ва чанд суоли дигар дар машғулият бо сарбозону афсарони қисми ҳарбии Кумита дар вилояти Суғд мавриди баҳсу барарсӣ қарор гирифтанд.

Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Нукоти муҳим

Соли 2019 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  680 ҳолати фавқулодда (соли 2018 - 169 ҳодиса) ба қайд гирифта шуд. Аз шумори умумии ҳолатҳои бақайдгирифташуда 46 ҳодиса ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари моддӣ ва маънавӣ расонд. Мувофиқи маълумоте, ки ба Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодда Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, дар ин давра 46 офати табиӣ – 51,2% (24 ҳодиса)-ро

Короновируси чинӣ: Беш аз 560 нафар ҳалок шудаву зиёда аз 28 ҳазор нафар сироят шудаанд

Бино ба иттилое, ки субҳи имрӯз хабаргузориҳо интишор доданд, шумори ҳалокшадагон бар асари бемории коронои чинӣ аз 560 нафар гузаштааст. Танҳо рӯзи чаҳоршанбе 73 нафар мубталоёни ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. Оморҳои ахир аз густариши бесобиқаи вируси короно ҳикоят мекунад. Аксари касоне, ки бо ҳаёти худ падруд гуфтанд, сокинони вилояти Ҳубӣ будаанд.

Дар фуруди изтирории ҳавопаймо дар Истамбул 3 нафар кушта шуданд (ВИДЕО)

Теъдоди ҳалокшдагон бар асари фуруди изтирории ҳавопаймо дар Истамбули Туркия ба 3 нафар расидааст. Ин ҳавопаймо мансуб ба ширкати ҳавопаймоии  Pegasus буда, бар асари ҳавои номусоид нишасти изтирорӣ кардааст ва бар асари бархӯрди сахт ба замин дучори садама шудааст. Ожонсии Anadolu ахиран шумори захмишудагонро 157 нафар эълон кард. Фаҳриддин Коҷа-вазири тандурустии Туркия бистарӣ

Страницы