марти 2020

Ширкат дар тамринҳои байналмилалии вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамрини муштараки байналмилалии махсуси тактикии вазоратҳои мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат карданд.

Дар ҷараёни омӯзиш дар назди наҷотдиҳандагони Кумита вазифа гузошта шуда буд, ки ба зарардиагону ҷабрдидагон

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Хатари тарма ва резиши санг боқӣ мондааст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳавои тағйирёбанда ва коҳиши ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Ванҷ-Хоруғ, Рӯшо

Пурсиш ва посух: Оё имкони дақиқ кардани миқдори барф дар кӯҳҳои кишвар ҳаст?

Ба сомонаи мо аз тариқи гӯшаи “Савол ба Раиси Кумита” аз номи муаллими фанни ҷуғрофия АСРОР РАҲМОНҚУЛОВ ба ин мазмун нома расид: Мухтарам генерал! Ман муаллимам ва аз география дарс мегӯям. Як савол доштам мумкин ин савол барои дигарон низ ҷолиб бошад. Як бор дар кадом хабари сайтатон хонда будам, ки ҳоло имконияти аниқ кардани микдори барф дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҳаст. Оё ин дуруст аст?

Вируси короно: Дар ҷаҳон миллионҳо нафар дар гирдоби маҳдудиятҳои омадурафт мондаанд

Сирояти саросарии короновирус дар ҳаёти мардуми Аврупо нақш мегузорад. Дар Италия, Испания ва Фаронса зарфи як шабонарӯзи гузашта шумори сироятёфтагон ва фавтидагон афзуд. Дар 24 соати гузашта дар Италия бар асари ин беморӣ 368 нафар фавтиданд ва шумори умумии куштагони ин вирус дар ин кишвар ба 1809 нафар расид. Испания аз ҳалокат 97 нафар ва Фаронса аз 29 нафар хабар доданд.

ОХИРИН АХБОРИ КОРОНО. Вазъи изтирорӣ дар Амрико. Таъхири яксолаи интихоботи шӯроҳо ва шаҳрдориҳо дар Британия

Британия Кабир ба хотири пешгирӣ аз густариши сироят ба вируси короно интихоботи шӯроҳо ва шаҳрдориҳоро ба муддати як сол ба таъхир андохт. Қарор буд ин интихобот дар муҳлати камтар аз ду моҳ баргузор шавад. Дар ҳамин ҳол баъзе аз сокинони ин кишвар мегӯянд давлат ба муқобили густариши короно иқдомоти кофӣ накардааст.
Доналд Тромп
– президенти ИМА барои муқовимат ба

Ҳалокати як нафар ва захмӣ шудани 11 нафар дар бархӯрди мошин ба қатор дар Қирғизистон. Шарҳи расмӣ

Бар асари бархӯрди мошин ба як қатор дар қаламрави Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистон бо захмҳои гуногун бистарӣ шуда ва як шаҳрванди Қирғизистон ҳалок шудааст. Ин ҳодиса шаби 13-уми марти соли равон рух додааст. Шарҳи расмӣ чунин аст:

Тибқи маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзи 13 марти соли 2020 соати 19:03 дақиқа дар

USAID ба Тоҷикистон лавозимоти пешгирӣ аз кроновирус кӯмак кард

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар доираи барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти  муҳофизати шахсӣ тақдим гардид, ки дар маросими супоридани он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии

Рӯзҳои низофат дар вилояти Хатлон. Ширкати фаъолонаи кормандони Кумита

Баҳор омад. Боронҳои баҳорӣ ҳам ба оҳистагӣ шуруъ мешаванд. Ҳаво гоҳ офтобист ва гоҳи дигар тираву боронист. Дар доманакӯҳҳо ҳамоно борон ба барфи тар табдил мешавад. Вале ин барф ҳам даргузар аст. Ҷойи онро боронҳои шадид мегиранд. Аз ин рӯ, лозим аст аз имрӯз омодагиҳо ба ин боронҳои селосо оғоз гарданд.

Рӯзҳои 10-12 марти соли равон дар вилояти Хатлон бо амри

Машғулиятҳои омӯзишӣ дар ноҳияи Шаҳринав

Бояд ба ҳар офати табииву техногенӣ, ҳолати фавқулода омода буд. Омодагии қаблӣ метавонад сабаби коҳиши зарар шавад. Омодагии қаблӣ метавонад одамонро ҳушёр кунад, то барои дифоъ аз молу ҷонашон ҳамеша омода бошанд. Як роҳи расидан ба ҳадаф роҳандозии корҳои таблиғотист. Мутахассисони Кумита ҳоло дар минтақаҳо бо ташкили дарсҳои омӯзишӣ масъулини мудофиаи гражданиро барои

Вируси короно: Нахуствазири Канада ва ҳамсараш карантин шуданд

Ҷостин Трюдо – нахуствазири Канада ва ҳамсараш Софи Грегуар-Трюдо пас аз он ки ташхис Софи  Грегуарро гирифттори вируси короно эълом кард, худро карантин карданд. Дар баёнияе, ки аз сӯйи дафтари Сарвазири Канада мунташир шуд гуфта шудааст, ки хонум Грегуар ҳоли хуб дорад ва беморӣ ба ҷонаш хатар надорад. Оқои Трюдо ҳам бояд муддати 14 рӯз бо ҳамсараш дар карантин бошад. Ин манбаъ гуфтааст,

Бирав аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир...

Собиқадарон касонеанд, ки мӯйи сиёҳ дар кор сафед карда ва таҷрибаи зиндагӣ омӯхтаанд. Таҷрибаи онҳо барои ҷавонон омӯхтанист, нақли онҳо ҳамеша барои насли имрӯз шуниданист. Бахусус, онҳое, ки умре дар низоми ҳарбӣ кору хизмат кардаанд, мактаби муҳими мардонагиро пушти сар гузоштаанд. Ва табиист, ки нақли онҳо ва рӯзгори онҳо барои наслҳои ҷавон пандест фаромӯшношуданӣ.

«Забони миллат – ҳастии миллат». Китоби дуюм: “Забон ва замон”

Ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» ба нашр расид, ки ифодагари таҳаввули навине дар таърихи забони тоҷикӣ ва баёнгари азамату бузургии ин забону ин миллати куҳанбунёд мебошад.
Масъалаи забони тоҷикӣ ва ҷойгоҳи он дар зиндагии миллати

Страницы