марти 2020

Обу ҳавои рӯзи чоршанбе, 11-уми март: Эҳтимоли лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ

Агентии ҳавошиносии кишвар барои рӯзҳои 10-12-уми марти соли равон дар навоҳии тобеъи м арказ эҳтимоли лағзиши тармаро пешбинӣ кардааст. Дар огоҳиномае, ки сомонаи ин ниҳод интишор додааст, аз ҷумла омадааст, ки дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ва шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара лағзиши тарма аз эҳтимол дур нест.

Тоҷикистон нақшаи вокуниш ба ҳолати фавқулодда дар робита ба коронавируси навъи covid-19-ро таҳия мекунад

Имрӯз, 10 марти соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри  Душанбе бо ташаббуси намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти нақшаи корӣ вобаста ба таҳияи нақшаи вокуниш ба ҳолати фавуқулодда дар робита ба коронавируси навъи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,

ФАВРӢ: Садама дар роҳи Душанбе – Чаноқ муҷиби муваққатан баста шудани роҳ шуд

Ширкати байналмилалии IRS дар саҳифаи худ дар Фейсбук аз садамае хабар дод, ки чанд лазҳа пеш дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рух додааст. Бино ба гузориши манбаъ садамаи мошин дар километри 59-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд рух додаву бо вуҷуди он ки сабабгори муваққатан баста шудани роҳ шуд, вале хушбахтона қурбонӣ надошт.
Дар хабар мехонем:Чанд дақиқа пеш дар километри 59 - уми

Таҳдиди ҷаҳонии короно. Италия дар карантини комил. Эҳтимоли эълони пандемия афзудааст

Хабарҳо аз сирояти густардаи вируси короно дар Аврупо нигаронкунанда аст. Италия чун кишваре, ки мизони болои сироятшудагону фавтидагон бар асари ин вирусро дорад, ахиран аз карантини густарда хабар дод. Дар ин кишвар хуруҷу вуруди безарурат манъ аст. Аввал шимоли кишвар дар карантин эълон шуд, вале мақомот дигар натавонистанд аз хуруҷи ҳазорон нафар аз минтақае, ки ба гуфти онҳо офатзада аст,

Тарма дар Австрия 6 нафарро кушт

Австрия

Бар асари лағзиши тарма дар кӯҳҳои Алпи Австия ҳаддиақал 6 нафар ба ҳалокат расиданд. ВВС истинодан ба маълумоти пулиси Австрия овардааст, ки панҷ нафари ин кушташудагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех будаанд, ки рӯзи якшанбе дар ҳоли  кӯҳпаймоӣ дар минтақаи кӯҳистонӣ ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар 80-километрии шаҳри Залсбург (чаҳорумин шаҳри бузурги Австрия ва маркази вилоят дар ғарби ин

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

ТАЪКИД: Мо мардумро дар давоми қариб сӣ сол гурусна нагузоштем. Наход, ки дар шароити осоишта ба гуруснагӣ ва азият кашидани халқамон роҳ диҳем? Ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла шумо, ҳозирини гиромӣ муроҷиат мекунам, ки ба ҷойи бовар кардан ба ҳар гуна шахсони ҳангоматалаб ва харидории миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокӣ ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тозагӣ ва озода нигоҳ доштани манзили зист,

Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд. Ронанда ва мусофирон беосеб наҷот дода шуданд

Ин садама, ки метавонист қурбонӣ дошта бошад, бегоҳии рӯзи 6-уми март  дар километри 69 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод.  Ронандаи нақлиёти сабукрави тамғаи “Опел Астра” рақами қайди давлатиаш ТҶ 9025 МА 01, ки аз ҷониби   Аҳмадов Мухтор Раҳматуллоевичи 52-сола идора мешуд, аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва он ба девори бетонии нақб бархӯрд. Ин мошин аз Душанбе ба самти

Дар КҲФ бахшида ба «РӮЗИ МОДАР» ҷаласаи тантанавӣ доир гардид

6 марти соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи модар ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Дар ин ҷаласа Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, роҳбарони сарраёсату раёсатҳо ва шуъбаҳо ширкат намуданд. 

Обу ҳавои рӯзи шанбе, 7-уми марти соли 2020

Бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7  март низ дар кишвар ҳаво тағйирёбанда аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад, дар водиҳо борон. Боз ҳам ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ мушкилоте ба бор меорад. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳама қоидаҳои

Бе воҳима: Тавсияҳои журналисти тоҷики муқими Эрон Исфандиёр Халилов

Исфандиёри Халил, журналисти тоҷики муқими Машҳад баъди дидану шунидани сарусадоҳои кроновирус дар Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамватанон муроҷиат кард, ки ба воҳима дода нашаванд. Исфандиёри Халил, ки худ дар кишваре зиндагӣ дорад, ки гирифтори короновирус шудааст, аз таҷриба муборизаи эрониҳо ба муқобили ин вирус ёдовар шуда, ҳамзамон воқеъияти ҷолиберо тасвир мекунад ва бо

Машғулият барои роҳбарони синфҳо дар Раёсати шаҳри Душанбе

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2019 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақша-чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2020», рўзҳои 3 – 4 марти соли равон дар Маркази таълимию методии Раёсат машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ бо

Марги марди 36-солае, ки баъди муолиҷа дубора гирифтори короновирус шуда буд

Дар шаҳри Вуҳони Чин, ки сарчашмаи аслии вируси короно мебошад, беморе фавтид, ки як маротиба шифо ёфтаву дубора ба ин вирус сироят шуда буд. Духтурон гуфтаанд, ки ин марди 36-сола бори аввал миёнаҳои моҳи феврали соли равон сироят шудаву табобат ёфта буд. Баъди аз беморхона ҷавоб шудан мебоист дар карантини 14-рӯза мебуд. Вале ду рӯз пас бори дуюм сироят шуд ва ин бор беморӣ барояш кушанда омад

Страницы