апрели 2020

Имрӯзи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар

Аз ҳаводиси нохӯши рӯзи гузашта бархӯрди шохи як дарахти азим ба сари шаҳрванди 36-солаи пойтхати кишвар аст, ки ҳоло бо ҷароҳати вазнин дар бемористони “Истиқлол” бистарист. Ва хабари муҳими дигар боз шудани роҳи Хоруғ-Мурғоб аст, ки ду рӯз қабл бар асари резиши барф ва ғарам шудани он дар натиҷаи шамоли сахт дар километри 750-уми ағбаи Кутезак муваққатан баста шуда буд.

Covid-19: 1,6 миллион мубтало дар олам. Шумори ҳалокшудагон аз 100 ҳазор нафар гузашт

Шумори сироятёфтагон ба короно дар саросари олам аз марзи 1,6 миллион гузашт. То кунун беш аз 100 ҳазор бар асари сироят ба ин беморӣ аз олам гузаштанд. КОВИД-19 ҳоло 185 кишвари оламро фаро гирифтааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон эълон кард, ки дар кишвар ягон ҳодисаи сироят ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст. Ин вазорат ҳамчунин иттилоъ дод, ки корҳои пешгирӣ ҳамоно идома доранд ва кулли

Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ дар шаҳри Душанбе

10 – уми апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи ҳамешафаъоли Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд. Ҷаласа таҳти сарварии сардори Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ, полковник Ҷамшед Камолов гузашт.

Дар нишаст масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии

Боронҳои шадиди чанд рӯзи оянда. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба хабари Агентии ҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 12 – 14 дар аксари манотиқи мамлакат боронҳои пуршиддат пешбинӣ шудаанд. Бахусус рўзҳои 13-14 апрел ҳавои абрӣ ба боронҳои шиддатнок табдил мешавад ва омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои доманакўҳӣ ва кўҳии

COVID-19: Шумори сироятёфтагон дар Сайёра ба 1,5 миллион нафар расид. 89 ҳазор нафар фавтиданд

Бино ба гузоришҳои расонаишуда дар саросари олам 1,5 миллион нафар ба вируси короно сироят шуданд ва шумори ҳалокшудагон аз ин беморӣ аз 89 ҳазор гузашт. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кишварест, ки аз ҳама бештар афроди мубтало ба короновирус дорад. Мақомот шумори гирифторонро 432 ҳазор нафар эълон краданд ва гуфта шуд, ки бар асари ин беморӣ дар саросари ИМА қариб 15 ҳазор нафар ҷон додаанд ва 24

Мулоқоти гурӯҳи кории пешгирӣ аз короновирус дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии корҳои системавии пешгирӣ аз густариши короновирус идома доранд.  Чунончӣ, бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Комиссияи пешгирии вируси нави «COVID-2019» ва татбиқи тадбирҳои пешгирӣ аз короновирус дар КҲФ ҷаласаи гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ба роҳбарият ва мардуми бародари Ӯзбекистон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавируси нав расонида шуд, арзи сипос

РАМЗИЯ МЕРЗЛИКИНА: «Тоҷикистон-муҳаббати ман !”

(Ӯ расмҳои ҷолиби таърихии Тоҷикистони Шӯравии солҳои 20-30-ро аз хатари нобудӣ ҳифз кард)

Барояш хеле мушкил буд бигӯяд, ки чӣ гуна муяссараш гардид расмҳои таърихиро наҷот диҳад ва тӯли ин солҳо нигоҳ дорад. Вай нақл мекарду мегирист. Он чӣ тавонистам аз суханонаш, аз суҳбати телефонӣ рӯйи коғаз орам, ин аст:

Ёрии башарии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон (ВИДЕО)

Дар шаҳри Душанбе маросими қабули ёрии башарӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор градид. Ин ёриҳои башарӣ, ки ахиран дар 18 қатора вориди пойтахти кишвар шуд, аз 1 ҳазор тонна орд, воситаҳои антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшу ниқоб ва пойафзоли тиббӣ, респираторҳо ва айнакҳои тиббӣ иборат мебошад. Ин бори ёрии башариро то шаҳри Душанбе як ҳайат аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон оварда расонд.

Дуюмин рӯз аст, ки корҳои поксозӣ дар канали Заркамар идома доранд

Ҳадафи аслии роҳандозии корҳои таблиғотӣ ин ҷалби таваҷҷуҳи аҳолӣ ба хатари офатҳои табиӣ мебошанд. Кормандони КҲФ мехоҳанд одамон тасаввуроти рушантаре дар бораи  офатҳо ва сабабҳои сар задани онҳо дошта бошанд, то хатари офатҳо камтар шавад. Аз ҷумлаи ин корҳои пешгирӣ сари вақт тоза намудани каналу ҷӯйборҳо аз ҳар гуна хасу хаспора ва лою лойқа, ҳамчунин мустаҳкам намудани бахшҳои осебпазири...

Барфи Душанбе. Чаро ронандагон ба огоҳиҳо таваҷҷуҳ намекунанд?

Аз нимашаби гузашта ҳавои боронии Душанбе барфӣ шуд. Қарибиҳо саҳар аз садои шикастани дарахти бузурги паси хона бедор шудам. Атрофи шинохта намешуд. Мегуфтӣ зимистон аст ва ҳатто Душанбе зимистон ин гуна барфпӯш набуд.

Дарахти азим дар рӯ ба рӯи хонаи мо аз бори азими барф чаппагардон шуд. Роҳеро баст, ки чаҳор мошин дигар роҳи

Сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва nahzat.ru баста шуданд

Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дод, ки сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуданд

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») дар

Страницы