майи 2020

Поккории биноҳои корӣ дар шаҳри Кӯлоб

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии касалиҳои сироятии короновирус (COVID-2019) рӯзҳои 5-6 уми майи соли равон як ришта корҳои таблиғотиро миёни аҳолӣ ба роҳ монд. Дар он бо риояи ҳама қоидаҳо, бо риояи масофа бо мардум дар мавриди паҳн шудани вирус ва чораҳои...

Фоҷеаи ду тифл дар сӯхтори ноҳияи Айнӣ. КҲФ: КӮДАКОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД!

Дар фоҷеаи рӯзи 10-уми май, ки дар рустои Курути ноҳияи Айнӣ рух дод, ду тифли ду ва яксола ба ҳалокат расиданд. Нимирӯзии рӯзи якшанбе хонаи сокини 31-солаи ин деҳа оташ гирифт. Бо талоши кормандони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Айнӣ  ин сӯтор пурра хомӯш карда шуд. Вале мутаассифона аз фоҷиа ҷилавгирӣ нашуд.

Истифодаи беш аз 5 тонна маҳлули гипохлорит барои поксозии як маҳал дар пойтахт

Гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти короновирус ба корҳои поксозии кӯчаҳо, муассисаҳо, майдонҳову хиёбонҳо идома медиҳанд.

Дирӯз дар маҳаллаи Бӯстони шаҳри Душанбе кормандои КҲФ дар хонаҳои истиқоматӣ, иншоотҳои маишии...

Марги нобаҳангоми пиразани 83-солаи танҳо. Наҷоти як духтари 22-сола, ки аз пул сарнагун шуда буд

Сокини 83-солаи пойтахт ба кадом иллате дар манзили истиқоматии худ фавтидааст, вале ҳамсоягон гумон кардаанд, ки дари ӯ баста шудаву пиразан наметавонад аз хона берун шавад. Як занги телефонӣ ба қисми навбатдории фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъро рушан кард.

Наҷоти саге, ки дар баландии 250 метр дармонда буд

Наҷоти гирифторон, раҳоии одамон аз банди фалокатҳо ва ғайра аз шуғли ҳамешагии корманадони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон будаву ҳаст. Даҳҳо нафар моҳе аз гирдоби обу сел, ҷариву пастиву баландиҳо наҷот дода мешаванд. Аммо расидан ба имдоди саге, ки дар баландии 250 метр боло рафтаву имконе надорад...

Дар шаҳри Кӯлоб иншоотҳои иҷтимоиву корхонаҳо ва биноҳои истиқоматиро безарар мегардонанд

Да доираи татбиқи “Нақшаи амали Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба таҳкими чорабиниҳои зиддиэпидемии пандемияи короновирус COVID-19», ҳамчунин таъмини корҳои беҳдоштӣ, поксозии атроф кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб...

Доктор Ораш Алоӣ: «85 фоизи шахсони гирифтор ба Сovid-19 бидуни табобат сиҳат мешаванд»

Ин суҳбат бо донишманди маъруфи эронии муқими Ню-Йорк Ораш Алоӣ бори аввал бо ташаббуси телевизиони “Ҷаҳоннамо” сурат гирифт. Сабти он баъди чанд маротиба такрор шудан аз тариқи шабакаҳои дигари телевизионии кишвар низ пахш шуд. Ахиран хабаргузории “Ховар” рӯнависи матни онро чоп кард, ки лозим медонем мо низ ин ҷо бикорем, то хонандагон ҳарчи зиёдтар баҳра баранд.

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Ғалаба (ВИДЕО)

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Ҳамватанони азиз!

Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - 75-умин...

COVID-19: Вазорати тандурустӣ 461 нафарро сироятшуда ба короновирус эълон кард

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори касоне, ки ба короновирус сироят шуданд, ба 461 нафар расид. Дар хабаре, ки дафтари матбуотии ниҳод расонаӣ кардааст, аз ҷумла омадааст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  то соати 17:30 дақиқаи  7 майи соли равон дар муассисаҳои табобатии кишвар 4205 нафар зери...

Санҷиши густардаи клиникии доруи зидди короновирус оғоз шудааст

Дар беморхонаҳои Британияи Кабир санҷиши клиникии дору аз Covid-19 шуруъ шудааст, ки дар он бештар аз 8 ҳазор беморон ширкат мекунанд. Ин санҷиш зери назари Донишгоҳи Оксфорд мегузарод ва  RECOVERY номида шудааст. ВВС хабар додааст, ки он бар асоси панҷ доруи қаблан вуҷудошта сурат мегирад.  Дар миёни онҳо доруи омехтае, ки бо он СПИД-ро табобат мекунанд ва доруи дигаре, ки барои муолиҷаи табларза то кунун...

Аёдати собиқадорони Кумита дар Хатлон

Дар ин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон даст ба иқдоми хайрия заданд ва аз ҳоли ду собиқадори Кумита хабар гирифтанд.

Аёдати маъюбон, собиқадорони соҳа, полковник Муродов Амиралӣ ва подполковник Иброҳимов...

Хатсайри чартерӣ аз Ҳинд ба Тоҷикистон. Ҳавопаймо чӣ меорад?

Сомонаи ҳукумати шаҳри Душанбе аз ташкили  хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Ин манбаъ мегӯяд хатсайри чартерӣ бо дастури шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ ташкил шуд ва ҳадаф аз он пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва муолиҷаи гирифторони он аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар мебошад. Маводи зарурии воридшуда ба Вазорати...

Страницы