октября 2021

Ҷаласаи сайёри Шӯрои бонувони КҲФ дар вилояти Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи сайёри Шӯрои бонувон баргузор шуд, ки дар он аз ҳамаи шуъбаҳо дар шаҳру навоҳии вилояти ширкат карданд.

Дар ҷаласа чорабиниҳои 9 моҳи охир мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз фаъолияти нуҳмоҳа натиҷагирӣ ва аз вазифаҳои

Дар Тоҷикистон ду мактаби нав ба ҷойи мактабҳои аз заминларза зарардида ба истифода дода шуд

Дар Тоҷикобод бинои ду мактаби нав, ки бар асари заминларзаи 11 июли соли равон дар деҳаҳои Сумандара ва Мазори болои ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод хароб шуда буданд, ба истифода дода шуданд.

Дар мактаби нави деҳаи Мазори боло 345 нафар хонандагон дар ду баст таҳсил мекунанд. Ин мактаб 10 синфхонаи

Ривоятҳо, афсонаҳо ва ҳақиқати ҳолатҳои фавқулода

Яке аз достонҳои хеле маъруф, ки иртибот ба ҳолатҳои фавқулода дорад, ривоятҳо дар бораи қитъа ва ё ҷазирае дар уқёнуси Атлас аст, ки бори аввал муфассал файласуфи Юнони Бостон Афлотун нақл кардааст. Ҳудуди 350 сол қабл Афлотун дар рисолае бо номи «Тимей» (Timaeus) навишт: “12 ҳазор сол пеш аз ин ҷазирае будааст хеле бузург ва бо тамаддуни ситоишангез бо номи Атлантик...” Ва номи ин...

COVID-19: Омори рӯ баафзоиши сироят ва марг дар Русия

Мубталоён ба коронавирус дар саросари олам субҳи имрӯз, 8 октябр  237 миллиону 485 ҳазору 561 нафар ва ҷонбохтагон 4 миллиону 847 ҳазору 338 нафар эълон шуд. Аз ин беморӣ то кунун 214 миллиону 561 ҳазору 273 нафар ҷон ба саломат бурдаанд.

Дар Русия шабонарӯзи гузашта боз 27 550 гирифтори нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, рӯзе қабл 25 133...

Ҷойи дуюми корманди КҲФ дар Олимпиадаи Академияи ҳифзи шаҳрвандии Русия

Дар Олимпиадаи Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи мудофиаи гражданӣ беш аз 200 нафар иштирок карданд ва капитан Ҷалол Холов-магистри соли дуюми ин Академия дар миёни афсарон ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Ин олимпиада дар низоми офлайн ва онлайн баргузор...

Вазъи сироят ба коронавирус дар кишвар ва хориҷ аз он

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба  236 миллиону 020 ҳазору  305 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯзи гузашта боз 421 170 нафар ба ин ҷамъ пайвастаанд. Аз марги 4 миллиону 838 ҳазору 850 нафар аз аввали ҳамагирӣ хабар дода мешавад. Зарфи 24 соати гузашта боз 7605 нафар фавтиданд.  Шумори муолиҷашудагон 214 миллиону 157 ҳазору 686 нафар гуфта шудааст.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардиҳо ва борону барфи рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз пагоҳ, 8-уми октябр то 11 октябри соли 2021 дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст, дар баъзе ноҳияҳо шамол дар як сония аз 7 то 12 метр хоҳад вазид. Дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 3000 м) борон ба тадриҷ ба барфи тар мубаддал мешавад.

COVID-19: Тақсими 6 миллиарду 318 миллиону 258 ҳазору 278 доза вакисина дар олам

Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз шумори гирифторон ба коронавирус дар  саросари оламро субҳи имрӯз  236 миллиону 536 ҳазору 927 нафар эълон кард. Аз аввали ҳамагирӣ аз COVID-19 4 миллиону 830 ҳазору 139 нафар ҷон бохтаанд. ИМА, Ҳинд ва Бразилия ҳамоно аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки бештар аз 20 миллион сироятшуда ба COVID-19 доранд. Теъдоди олудагон ба ин вирус дар ИМА 44 миллиону 768 ҳазору 773 ва...

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади арҷгузорӣ, эҳтироми забони модарӣ, дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини сардори Раёсат оиди корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ...

Оқибатҳои таъсири антропогенӣ ба системаи экологии Замин

Таъсири фаъолияти хоҷагии одам ба таби­ати зиндаи Замин дар садаи XX миқёси васеъро фаро гирифт ва боиси нестшавии бисёр намудҳои организмҳо гардид. Ба ҳар чаҳор намуди ширхӯрҳо ва ҳар ҳашт намуди паран­даҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Дар давоми се садсолаи охир ба дасти одам нест шудани беш аз 400 намуди рустаниҳо дақиқ маълум аст. Ин раванд, шояд, ба на камтар аз 10 ҳазор намуди ҳайвоноти муҳрадор дахл дошта бошад.

“Мизи мудаввар”-и байниидоравӣ дар шаҳри Душанбе

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне мебошанд, ки аз аввалинҳо шуда бо зарардидагони офатҳои табиӣ рӯбарӯ мешаванд ва ба онҳо дасти  мададу ёрӣ дароз мекунанд.

Бо мақсади такмил додани малака ва дониш мутахассисони КҲФ дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар мизи мудаввари ҳамкории...

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе  бахшида ба Рўзи байналмилалии коҳиши хатари  офатҳои табиӣ аз рӯзи 28-уми сентябри соли равон то рӯзи 5-уми октбяр тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда  дар Муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе як сислсила чорабиниҳо баргузор намуд.

Ин чорабиниҳо бо ширкати васеъи донишомӯзону муаллимон гузаштанд...

Страницы