ноября 2021

Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар Форуми Тошканд

Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд Форуми минтақавии  ҷаласаи сарварони идораҳои наҷоти кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ба кор кард.

Дар кори ин форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал...

Мусобиқоти варзишӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Раёсати Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба муносибати ҷашни 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишии футбол, вазнбардорӣ, давидан ба масофаи 100 метр ва шашкаву шатранҷ баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаҳо дастаҳои қисми ҳарбии 45989-и КҲФ...

Аврупо бори дигар дар гирдоби Covid-19. Баританияи Кабир истифодаи аввалин дору зидди коронавирусро иҷозат дод

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Клюг ҳушдор дод, ки ин минтақа дубора ба маркази авҷи коронавирус табдил мешавад ва зарфи се моҳи наздик дар ин ҷо боз ним миллион нафар эҳтимолан ҷони худро аз даст диҳанд. Сабаби инро ҷаноби Клюг дар он мебинад, ки сокинон ба таври кофӣ ваксина нагирифтаанд ва ин боис шуда, ки сироят дубора афзояд.

Дастоварди ҳамоиши Глазго: 190 кишвари олам тавофуқ карданд, ки аз истифодаи ангишт даст мекашанд

Аксари кишварҳое, ки зуғолсангро дар саноати худ истифода мебаранд, ваъда доданд, ки истифодаи онро маҳдуд мекунанд ва дар фарҷом аз он комилан даст мекашанд. Дар миёни ин кишварҳо Лаҳистон, Ветнам ва Чили низ мебошанд, ки дар олам аз ҷумлаи истифодабарандагони ангишт ба миқдори басо зиёд мебошанд. Дар ҳамоиши иқлимии Глазго ангиштсанг як омили аслии ифлоскунандаи ҳаво дониста шуд ва 190...

Машқҳои омӯзишӣ дар Суғд

Дар вилояти Суғд бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист, машварат - тренинги дастурдиҳӣ ба хотири огоҳонӣ аз офати фалокатовари заминларза баргузор шуд.

Дар ҷараёни машварат намояндагони бахши Агентии...

Ҳамоиши Глазго ва интизориҳои ҷомеаи башарӣ

Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Глазгои Шотландия ҳамоиши иқлимии КС-26 бо ширкати намояндагони аксари кишварҳои олам оғоз ба кор кардааст. Тавре аз гузориши расонаҳо огоҳ шудем, ҳадафи аслии ин ҳамоиш, ки қарор аст бештар аз ду ҳафта идома кунад, ҷамъбасти аввалин дастовардҳои Муоҳадаи Порис дар мавриди тағйири иқлим аст, ки соли 2015 имзо шуда буд. Тоҷикистон низ ширкаткунандаи ин муоҳада мебошад.

Оё занони ҳомила метавонанд бо ҳавопаймо сафар кунанд? Посухи академики АИМТ Мунаввара Додхоева

Вақтҳои охир хабарҳое мехонем, ки фалон зане дар ҳавопаймо таваллуд кардааст, кӯдаки солим ба дунё овардааст ва яке аз меҳмондорони (стюардесса) ҳавопаймо доягӣ кардааст. Ҳолате ҳам шуда, ки занонро ҳини фуруди ҳавопаймо дарди зоиш гирифтаву кӯдак ба дунё овардаанд. Баъзе хабарҳои нохуш ҳам буданд, ки зане дар ҳавопаймо кӯдаки навзод таваллуд кард ва ӯ фавтидааст. Алабатта, шароити ҳавопаймои мулкӣ...

Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу борони рӯзҳои 4-5-уми ноябр

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 4-5 ноябри соли равон дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баландиҳои бештар аз 200 метр барфи тар меборад. Дар баъзе ҷойҳо барф ба шиддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония мевазад.

Дар садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Рӯшон-Хоруғ се нафар ба ҳалокат расиданд

Рӯзи 01.11.2021 дар километри 474-уми шоҳроҳи Душанбе-Рӯшон-Хоруғ дар мавзеъи деҳаи Штапи ҷамоати деҳоти М.Абдулвосиев мошини тамғаи “Тайота Ҳундай”, ки мутааллиқ ба нерӯгоҳи барқии обии Роғун мебошад, бо сабабҳои номаълум ба дарёи Панҷ сарозер гардида, дар натиҷа ронанда бо 3 нафар мусофиронаш ба ҳалокат расиданд.

Баъд аз дарёфти хабари садамаи мудҳиш наҷотдиҳандагони

Мулоқоти генерал Назарзода бо Сарвари Дафтари минтақавии Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ

1 ноябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-полковник Рустам Назарзода  бо Сарвари Дафтари минтақавии Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Октавиан Бивол баргузор шуд.

Генерал-полковник Рустам Назарзода ба ҷаноби Бивол дар бораи корҳои...

Ҳамоиши иқлимии Глазго. Коршиносон ҳадс мезананд, ки он бенатиҷа хоҳад буд

Имрӯз дар шаҳри Глазгои Шотландия ҳамоиши иқлимии COP26 бо ширкати намояндагони аксари кишварҳои олам оғоз ба кор хоҳад кард. Ҳадафи аслии ин ҳамоиш, ки қарор аст бештар аз ду ҳафта идома кунад, ҷамъбасти аввалин дастовардҳои Муоҳадаи Порис дар мавриди тағйири иқлим аст, ки соли 2015 имзо шуда буд. Тоҷикистон низ ширкаткунандаи ин муоҳада мебошад. Гуфтанист, ки ин ҷаласаи ҳамасолаест, ки таҳти...

Мулоқот бо намояндагони Кумитаи дин дар Раёсати Душанбе

29 октябри  соли 2021 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мулоқот Сардори Раёсати итиҳодияи динии Кумитаи...

Страницы