апрели 2022

Тамрини “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” дар шаҳри Турсунзода

6 апрели соли 2022 дар муассисаи таълимии рақами 12 шаҳри Турсунзода тамрини намоишии “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” баргузор шуд.

Дар тамринии намоишӣ муовини раиси шаҳри Турсунзода оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Бобоҷонзода М.М., мудири шуъбаи маорифи шаҳр Л.Раҷабова, хадамоти тиббӣ, 820 нафар хонандагон, 60 нафар омӯзгорон...

Ширкати муовини Раиси Кумита дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи Раёсати Хатлон

5 апрели соли ҷорӣ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали худро ҷамъбаст намуд. Дар кори ҷаласа муовини Раиси КҲФ, полковник С.Исозода ширкат намуд.

Дар ҷаласа шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумита дар вилояти

Ҳар рӯз дар маҳалҳои осебпазир корҳои бехатарӣ роҳандозӣ мешавад

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва аҳолии вилоят дар қаламрави ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Кушониён як силсила корҳои соҳилбандӣ роҳандозӣ намуданд, ҷӯву селроҳаҳоро тоза карданд.

Сарбозони хидматкарда ҷавоб мешаванд, наваскарон ба ҷойи онҳо меоянд

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар кисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозоне, ки  хизмати дусоларо ба анҷом расондаанд, маросимҳои гусел баргузор мекунанд.

Тамринҳои ғайринақшавӣ дар қаламрави пойтахт

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии биноҳои истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, киштзорҳои кишоварзӣ аз обхезии баҳорӣ, омадани сел ва ярч корҳои тоза кардани маҷрои рӯдхонаҳо, обанборҳо, каналҳо ва сойҳоро шуруъ кардаанд. Барои анҷоми ин корҳо техника ва аҳолии маҳалҳо ҷалб шудаанд.

Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввал дар раёсатҳои Кумита

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва се раёсатҳои вилоятӣ натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали соли 2022 дар ниҳодҳо ҷамъбаст гардид.

Дар ҳамаи ҷаласаҳои баргузоршуда як қатор тамоюлҳои асосӣ, ки дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, корҳои таблиғотӣ, иҷрои қарорҳои ҷаласаи мушовараи Кумита...

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Маркази барномаҳои байналмиллалӣ”

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Маркази барномаҳои байналмиллалӣ”, аз Шумо талаб карда мешавад, ки номзадҳои дорои маҳорати баланди касбиро барои иштирок дар озмуни Стипендияи байналмиллалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон”, ҷиҳати таҳсил намудан дар Донишгоҳи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус дар  зинаи бакалавр,  аз рӯи ихтисоси...

Имдодгарони Кумита бинои пурра таъмиршударо қабул карданд

4 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе маросими ба истифода супурдани бинои пурра таъмиршудаи Раёсати ҷумҳуриявии таъиноти махсуси ҷустуҷӯву наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин бино тибқи лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳои коҳиши хатари офатҳо ва эътино”, ки моҳи сентябри соли 2016 миёни КҲФ,

23 сол пеш. Суқути маргбори чархболи Ми-8 дар “Панҷи поён. Ҳалокати генерал-майор Берсенев

АНЗУРАТ НАЗАРЗОДА, рӯзноманигор,  ахиран дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 2-юми апрели соли ҷорӣ дар минтакаи Панчи поён чорабинии "Поси хотир" бахшида ба ёдбуди 18 нафар сарҳадчиёне, ки 23- сол қабл дар чархболи ҳарбии Ми-8 фавтида буданд баргузор гардид. Дар ин тадорукот,ки меҳмонони оликадр аз Федератсияи Русия,намояндагони КДАМ, намояндагони қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон иштирок доштанд, 100 нафар хонандагони муассисаи таълимии рақами 34-и ноҳияи Ҷайҳун низ ширкат кард

Тамринҳо дар як хадамоти вилояти Хатлон

Рўзҳои  29 - 30 марти соли ҷорӣ намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хадамоти «Коркарди санитарии одамон ва безараргардонии сару либос»-и вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯъи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи  граждании хадамот ҳангоми ба амал омадани ҳолати фавқулодда (паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ)»  гузарониданд.

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу менамоям.

Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату...

Страницы