июни 2022

Дарсҳои амалӣ дар осоишгоҳи “Баҳористон”

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо наҷотдиҳандагони осоишгоҳи «Бахористон», воқеъ дар соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» вохӯрии навбатӣ доир намуданд.

Чунин вохӯриҳо бо мақсади санҷиши омодагии наҷотдиҳандагон ба мавсими шиноварӣ, гузаронидани...

Аввалин савганди наваскарони даъвати баҳорӣ (ВИДЕО)

6 июни соли 2022 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ баргузор шуд, ки дар он ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Эмомалӣ Иброҳимзода иштирок намуд.

Маросим бо ширкати пайвандону дӯстони наваскарон, фармондеҳони қисми низомӣ...

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз ба шиддат об шудани пиряхҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи шанбеи гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ин ҳамоиш дар мавриди ҳалли масоили обу иқлим намояндагони як қатор кишварҳои олам ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи

Марги боз ду нафар дар обҳои кишвар. Яке ноболиғ буду моҳидорӣ мекард, дуюмӣ Норак истироҳат омада буд

Як сокини 30-солаи деҳаи Носирбобои ҷамоати деҳоти Сарчашмаи ноҳияи Ш. Шоҳин, ки барои истироҳат ба шаҳри Норак омада будааст, ҳангоми шиноварӣ дар Карери -9-ум аз беэҳтиётӣ  ғарқ шудааст. Ин ҳодиса рӯзи гузашта, 5-уми май тахминан соатҳои 11:32 дақиқа рух додааст.

Баъди дарёфти хабари ин фоҷеа кормандони имдоди Кумитаи

Имдодгарон дар шаҳри Душанбе ду дари бастаи сокинонро боз карданд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз боз кардани ду дари баста бо хоҳишу даъвати соҳибонашон дар пойтахти кишвар хабар дод.

Гуфта мешавад, ки рӯзи5-уми июн соати соати 14:50 дақиқа як сокини кӯчаиМайяковский  бинои 79/2 ба қисми навбатдорӣ занг зада аз баста шудани дари манзилаш хабар додааст. Вай гуфтааст, ки ҳама талошҳоро кард, вале натавонист мустақилона дари хонаашро боз кунад.

Садамаи марговар дар як шоҳроҳи Душанбе. Ду навҷавон ба ҳалокат расиданд, 9 мусофири автобус ҷароҳат бардоштанд

Садамаи марговар

5 июни соли 2022 соати 09:16 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳуку мати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари садамаи мошин дар қаламрави шаҳри Душанбе расид. Мошини тамғаи «Toyota Camry», ки аз ҷониби як сокини 18-солаи пойтахт идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз тариқи пули “Путовский” ба автобуси мусофиркаши шаҳрӣ бархурд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу иқлим

Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Дабири кулл!
Муҳтарам Пешвоёни Эътилоф!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, шуморо барои ташрифатон ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.

Нишасти имрӯзаи мо дар арафаи Конфронси дуюми Душанбе

Хабарҳои рӯзи гузашта. Ҷасади як ҷавони 18-солаи сокини Ваҳдат пайдо шуд

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон билохира баъди ҷустуҷӯҳои дурӯза ҷасади як сокини 18-солаи шаҳри Ваҳдатро, ки дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шуда буд, пайдо карданд ва ба кормандони милитсия супурданд.

Номбурда рӯзи 2-уми июн ғарқ шуда буд ва то ҳол сабаби ин

Қоидаҳои бехатарӣ то заминларза, вақти заминларза ва баъди он

Қоидаҳои бехатарӣ то заминларза

Инсон бояд дар ҳама ҳолатҳо худро барои ҳодисаҳои нохӯш омода созад, аз ҷумла барои заминларза низ. Мо дар боло ишора кардем, ки зилзила падиаест, ки ногаҳонӣ ба вуҷуд меояд ва аксар мавридҳо одамонро ғофилгир мекунад.

ПЕШ АЗ  ЗАМИНЛАРЗА
Аз ин рӯ, инсонҳо бояд аз қабл худро омода кунанд. Вақте

Суҳбат аз “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

3 июни соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби Қаҳрамони Тоҷикистон, ходими маъруфи давлатӣ, олими шарқшинос, журналист, муаррих, академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” баргузор шуд. Ин мулоқот ба шарафи 50-солагии нашри ин китоби мондагори таърихӣ баргузор гардид.

Чаро зиминларзаи шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд?

Заминларзаи шаби гузашта субҳи имрӯз баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Иддае бо назардошти такони шадид, ки дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе эҳсос шуд, ба хабари Институти геология ва сейсмологияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қувваи онро дар пойтахти кишвар 3-4 балл эълон кард, изҳори нобоварӣ карданд. Лаҳзаҳое, ки ин сатрҳо навишта мешаванд, ин баҳсҳо дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷараёнанд.

Заминларза дар кишвар. Талафони ҷониву хисороти дигар нест

Бино ба гузориши Институти геология ва сейсмологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби гузашта, 2-уми июн соати 23:34 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ларзид.

Маркази заминларза 59 километр шарқи шаҳри Душанбе ва 12 километр ҷанубу шарқи Турсунзода дар қаламрави вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд.

Страницы