Духтури шинохтаи тоҷики муқими Русия Мирзоқул Ҳоҷиматов: Манбаи вирус фақат каси бемор аст

Куруновирус дар пардаи луҳобии бинӣ, гулӯ ва роҳҳои нафас инкишоф меёбад ва ҳангоми сухан кардан, атса задан ва сулфидан бо оби даҳону бинӣ ё балғам ба каси дигар сироят мекунад. Миқдори оби вирусдоре, ки аз даҳону бинии бемор берун меояд, хеле кам ва ба чашм намудор набуданаш ҳам кофӣ аст, ки инсон сироят ёбад. Ба ин маънӣ ҳавои наму вирусолуде, ки аз роҳи нафаси бемор то пардаҳои луҳобии шахси солим мерасанд, сирояткунандаанд, зеро мавзеъи воридшавии вирус ҳам пардаҳои луҳобии даҳон, бинӣ ва чашмҳои инсонанд.

Лекин дар ҳаво вирус зиёд намеистад ва бо нам ба рӯи ягон ҷисме таҳшин мешавад: болои миз, китоб, зарф, телефон, фарш, ҳар ҷои дару тиреза, девор, либосу палос, ҳар ҷои нақлиёт ва ғайра. Дар сурати бо даст ламс кардани ин ҷисмҳои болояшон вирусбуда, даст олудаи вирус мешавад ва фақат ҳангоми бо ин дастон расидан ба чашм бинӣ ё лабу даҳон вирус ба ҷисми инсон ворид мешавад.

Манбаи вирус фақат каси бемор аст, вале зуд муайян кардани бемории нафаре, ки бо ӯ лаҳзае пеш аз наздик ҳамсуҳбат шудед ё нафари номаълуме, ки шояд ба ҷисме атса зада ё оби даҳонаш чакидааст, ғайриимкон аст. Зеро аломатҳои беморӣ фақат баъди 2- 14 руз, одатан то 1-ҳафтаи сироят ёфтан пайдо мешаванд ва гоҳо ба ҳаде кам, ки аҳамият ҳам намедиҳед.

Вирус дар болои ҷисмҳо то 2 шабонарӯз зинда боқӣ мемонад, вале шуои офтоб онро таи чанд дақиқа нобуд мекунад. Оби хлордор ва алкули (спирт) аз 65 дараҷа боло низ зуд вирусро безарар мекунанд.

Бо собун ё хокаҳои ҷомашуӣ шустани ҷисмҳои олудашуда ва дастон низ кифоя аст ки аз вирус тоза шаванд. Сачоқу руймолчаи дастиро иловатан бо утии гарм бояд безарар кард. Агар кас аз хонаю ҳавлии хеш берун наравад, меҳмон қабул накунад, эҳтимоли бо ҳаво, оби турба, ғизо, сими ноқили барқ ё тилфун сироят шудан вуҷуд надорад.

Тамоми чораҳои карантинӣ ва зиддиэпидемӣ ба риояи ҳамин навиштаҳои боло равона шудаанд.


АГАР ФАРАЗАН ХУДИ ҲАМИН РӮЗ ТАМОМИ ИНСОНҲОИ РӯИ ЗАМИН ДУ ҲАФТА АЗ ХОНАЮ ҲАВЛИИ ХУД, ҶОИ КОРИ ХУД БЕРУН НАРАВАНД, аксари беморон сиҳат мешаванд, чанд фисад аз онҳо мемиранд, боз чанд фисад наздиконашон бемор шуда ва ҳамин тақдирот бо онҳо рух медиҳад ва баъди ду ҳафта дар рӯи замин куруновирусе боқӣ намемонад.

Афсус, ки чунин кор имконнопазир аст.