Охирин хабарҳо аз боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар. Сел ба харобкориҳои худ идома дод. Талафоти ҷонӣ набуд

Ҳамчуноне қаблан ҳам хабар дода будем, то 14-уми май дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид боқӣ мемонад ва боронҳои пуршиддан идома хоҳанд кард. Дар натиҷаи боронҳои рӯзи 13-уми майи соли ҷорӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ омадани сел ба қайд гирифта шуд.

Чунончӣ, 13-уми май боронҳои пуршиддат боло рафтани сатҳи оби канали деҳаи Навобод-2-и ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ баланд шуд ва ин боиси шуста шудани 77 километр роҳи мошингарди Уялӣ-Ҷомӣ-Ёвон гардид. Дар натиҷа муддате роҳ барои ҳаракати мошинҳо баста шуд.

Аз ҷониби хадамоти роҳи вазорати нақлиёти кишвар техникаи махсус ҷудо карда шуд ва паёмадҳои ин офат ба зудӣ бартараф ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд. Ҳоло барои равуои нақлиёт монеъа нест.

13 – уми май сел қисман таҳхонаҳои ду хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Коммунизм, се қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Вахшро аз обу лойоба пур кард. Бо мақсади таъмини бехатарӣ сокинони ин деҳот муваққатан ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд.   

Худи ҳамон рӯз сел ба сокинони як қатор ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Муъминобод зарар расонд. Аз ҷумла, дар қаламрави ҷамоати деҳоти Чилдухтарон сел ду пулро қисман хароб кард; дар ҷамоати деҳоти Балхобӣ, дар деҳаҳои Шулулу, Тебалай ва Бобои Ҳабиб лойоба ба се хонаи истиқоматӣ зарар расонд, мавҷи пурхурӯши сел ба таҳхонаи 10 хонаи истиқоматӣ ва 32 қитъаи наздиҳавлигӣ ворид гардид, офат қисман ба се пул зарар расонд. Дар ҷамоати деҳоти Ш.Шоҳин сел 9 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро зери об кард. 

Дар ҷамоати деҳоти Гулистон ва ба номи А.Авазови ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон сел ба 100 иншооти ёрирасони сокинон зарар расонд. Аз ҷумла 32 иншоот қисман ва 20 иншооти дигар пурра хароб гардид. Ҳамчунин ду хонаи истиқоматӣ низ қисман зарар диданд.  

Дар деҳаҳои Ваҳдат ва Нурмати ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор лойоба 28 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро пур кард ва оби сел 20 метр роҳи мошингардро шуст. 

Ҳамчунин боронҳои пуршиддат ба заминҳои наздиҳавлигии 69 ҷамоати деҳоти шаҳри Ҳисор, аз ҷумла Шарора, Ҳисор, Дурбат зарар расонд. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 276 сокини ин маҳаллаҳоро ба маконҳои амн интиқол доданд. Ҳамчунин ба хотири сари вақт бартараф намудани пайёмадҳои селу боронҳои шадид имдодгарони КҲФ бо ёрии техника корҳои тозакунӣ аз лойобаҳоро роҳандозӣ карданд. 

Борони пуршиддат кӯчаву бозорҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони шаҳри Турсунзодаро аз об пур кард. Дар айни замон паёмадҳои ин офати табиӣ бартараф карда шудааст. 

Дар маҳалҳои ёдшуда Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода фаъолият доранд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: