Семинари дурӯза дар Раёсати Суғд

Рӯзҳои 14-15 марти соли 2024 дар Маркази таълимию методии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд бо иштироки бист нафар кормандони раёсат ва шӯъбаҳои Раёсат, наҷотдиҳандагон ҳам аз Раёсат ва ҳам  аз ноҳияҳо вилояти Суғд ва бахши Зарафшонии КҲФ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинар аз ҷониби кормандони Раёсати тиббии КҲФ бо...

Заминларзаи соати 12:26 дақиқаи имрӯз

18 марти соли 2024 соати 12:26 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар заминларза сабт шуд. Дар ин бора Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод.

Маркази заминларза 27 километрии шарқи шаҳри Душанбе ва 57 километрии ҷануби Роғун буд.

Ҳавои боронии рӯзҳои Наврӯз. Хатари омадани селҳову лағжиши тарма вуҷуд дорад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 212-22 марти соли 2024 дар ҳудуди ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва навоҳии ғарбии ВМКБ боронҳои пуршиддат меборанд. Дамои ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ то 7-9 дараҷа тағйир меёбад.

Наҷоти ҷавони бистсолае, ки аз Турсунзода ба Душанбе омад, то худкушӣ кунад

17 марти соли 2024 соати 21:19 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбадории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки аз пули дарёи Душанбе, ки аз қаламрави маҳаллаи 46 мегузарад, марде ба қасди худкушӣ худро ба оби дарё андохт. 

Дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри...

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар Варзоб аз афтидани санги калон дар деҳа пешгирӣ карданд

Як вазифаи муҳими идораи наҷоти кишвар он аст, ки аз хатарҳо ва паёмадҳои маргбори ин ё он ҳодиса пешгирӣ кунад.

Чунончӣ, наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумита дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Оби Гарми ҷамоати деҳоти Хоҷа Оби Гарми ноҳияи Варзоб  барои безарар гардонидани як санги басо...

Страницы