Наҷоти як зани 59-сола, ки пояш дар панҷараҳои оҳании ҷӯйбор дармонда буд

зани 59

23 феврали соли 2024 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар наздикии ширкати телевизионии «Варзиш», ки дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии пойтахт воқеъ мебошад, як зан ба кумак ниёз дорад.

Дастаи навбатдорони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе чун

Заминларза. Маркази он Афғонистон буд

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 2024 соати 09:28 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар замин ларзид.

Маркази ин заминларза 200 километр дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷони ва хисороти дигар нест.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоиди се рӯзи оянда

умитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 27-29-уми феврали соли равон дар ноҳияҳои наздикӯҳиву кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари бориши барфу борон хатари лағзиши тарма

Ҷашни 31-умин солгарди Артиши Миллӣ дар Суғд

23 феврали соли 2024 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсат  иштирок намуданд.

 Муовини сардори  Раёсат подполковник Кучаков Ҷамшед чорабиниро ифтитоҳ намуда, оид ба заҳматҳои...

Ҳамлаи паланги барфӣ ба чорвои хонагии як сокини Роштқалъа

Бино ба маълумоти қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 феврали соли равон соати 05:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ паланги барфӣ вориди ҳавлии сокини деҳаи Табарсеми ҷамоати Сежди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ шуда, 18 сар чорвои хурди онро дар оғилхона ба ҳалокат расондааст.

Страницы