Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.02.2024 20:00, шаҳри Душанбе

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Изҳорот пас аз маросими сарфарозгардонӣ бо мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон

Ташаккур, муҳтарам Рустам Нургалиевич.

Дӯстони азиз,

Ба Шумо, Рустам Нургалиевич, барои сарфарозгардонии ман бо Ордени «Дуслик» изҳори миннатдорӣ менамоям.

Ин мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористонро, пеш аз ҳама, ба мардуми кишварам мансуб медонам.

Сарфарозгардонӣ бо ордени “Дуслик"-и Ҷумҳурии Тотористон

Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукӯҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ-ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонда шуд.

Тибқи Фармони Раиси Ҷумҳурии Тотористон, ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...

Резиши санг дар Дарвоз

Ҳамчниноне истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода будем, боришоти пуршиддат метавонад сабаби лағзиши тарма ва резиши санг шавад.

Чунончӣ, 20 феврали соли 2024 соатив 08:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 285 роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ мегузарад, резиши санг ба қайд гирифта шуд.

Ҳашар дар Хатлон

Бо мақсади омодагӣ ба мавсими обхезӣ, инчунин пешгирии ҳодисаҳои табиӣ, аз қабили селу ярч дар минтақаҳои хатарноки воқеъ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон давоми се рӯз кормандони КҲФ бо ҷалби мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ бо ташкили ҳашарҳо ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаҳову ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу шағл тоза карданд.

Дар рафти чорабиниҳои гузаронидашуда аҳолӣ ва воситаҳои техникии воҳидҳои Низоми ягона системаи пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда барои тоза кардани ҷӯву каналҳо ва сою селроҳаҳо ҷалб карда шуданд.

Страницы