КҲФ: Хатари лағзиши тарма то 12-уми феврал боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 10-12 феврали соли 2024 дар навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки дар ин гуна рӯзҳои равуои худро аз тариқи ин роҳҳо маҳдуд кунанд.

Ҷоизаи “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ” ба кормандони Кумита супорида шуд

6 феврали соли 2024 маросими ҷоизасупории ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон дар Кохи Суруш баргузор гардид,  ки дар он ба 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумита ҷоиза супорида шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ба сифати меҳмонони расмӣ Дилрабо Мансурӣ – муовини Сарвазири ҶТ, Раҳимзода С.Ҳ. – вазири маориф ва илими ҶТ, Муминзод Камолиддин – раиси Кумитаи...

Мулоқот бо ҳайати Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон

8 феврали соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии ҷаноби Гирт Гиджс – коршиноси Бюрои аврупоии СҶТ мулоқот баргузор шуд.

Дар мулоқот оид ба масъалаҳои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда...

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

7 феврали соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Кумита  баргузор шуд, ки дар он Сарвари КҲФ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, роҳбари Раёсати мудофиа ва таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, генерал-майор А.Маҷидзода, роҳбарони раёсатҳои Кумита иштирок ва ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.

КҲФ: То 5 феврали соли равон хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии  кишвар рӯзҳои 3-4-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар аксари ноҳияҳо барфу борон меборад, рӯзона 3-уми феврал ва шабона 4-уми феврал дар баъзе ноҳияҳо бориш шиддат мегирад.

Страницы