Обу ҳавои рӯзи ҷумъа, 22-уми ноябр: туман, борон, барфи тар

Ҳавои рӯзи ҷумъа дар сар то сари кишвар абрӣ, боронӣ ва барфист.  Агентии ҳавошиносӣ дар гузоришаш оварда, ки боронҳо дар кулли мавридҳо ба барфи тар табдил мешаванд. Ва ин масъулияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ронандагони муҳтарамро аз эҳтиёт дар сафарҳои дурашон ҳушдор диҳад. Дар аксари роҳҳои кӯҳӣ борону барфу туман пешгӯӣ мешавад ва

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 21 ноябр дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ аз ҷумла гуфтанд: Танҳо дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Суди Олӣ 190 шикоят  44 арзу шикоят ба Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба амалҳои судяҳо, аз ҷумла 58 шикоят дар хусуси ба кашолкорӣ роҳ додан ҳангоми баррасии парвандаҳо ва 7 шикоят оид...

ДОНИСТАНИҲО: Даҳ макони пурхатари олам барои гардишгарон. (Видео) Бахши аввал

Дар олам маконҳое мавҷуданд, ки гардишгарон талош мекунанд аз он мавзеъҳо дидан кунанд. Қуллаҳое ҳастанд, ки таваҷҷуҳи кӯҳнавардонро ба худ мекашанд, обҳое, ки ғаввосони оламро сӯйи худ мехонанд...Ва дар ин гуна мавзеъҳо аз замони кашфашон то кунун садҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд. Онҳо рафтанд, то чизеро бубинанду ба дигарон дар бозгашт нақл кунанд. Вале диданду нақл накарда даст аз ҳаёташон шустанд. Бозгаштагон қиссаҳо карданд, дигаронро ташвиқ намуданд, ки раванд. Ва ин аст, ки мераванду меоянд ё ҳоло ҳам мераванду на ҳама бозпас меоянд. Инҳо аз ҷумлаи муаммоҳои оламанд. Хостем аз даҳ мавзеъе ҳикоят кунем, ки барои гардишгарон басо хатарноканд...

Ёде аз таърихи мошинҳои барфрӯбӣ дар остонаи зимистон

Имрӯз наметавон ҳаёти худро бе вуҷуди мошинҳои барфрӯбӣ тасаввур кард. Аммо замонҳои пеш, ҳатто як аср пештар мушкилоти шаҳрҳо дар зимистон ба маротиб бештар буд. Кӯчаҳои барфпӯш равуои одамон ва аробаҳоро душвар мекарданд. Он замон мошин ба ҳадди имрӯз зиёд набуд ва шаҳрҳо ҳам камҷамъият буданд. Вале зимистон ва замони яхбандӣ мушкилоти чӣ шаҳриён ва чӣ деҳотиёнро афзун мекарданд.

Обу ҳавои рӯзи панҷшанбе, 21-уми ноябр: гоҳ борон ва гоҳе барф

Ҳавои рӯзи панҷшанбе тақрибан шабеҳи ҳавои рӯзи чоршанбест. Бино ба маълумоти  Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон осмони кишвар ҳамоно абрпӯш аст, борон гоҳ-гоҳе ба сурати парешон меборад, дар баландкӯҳҳо барф ва ҳавои сардтар аз рӯзи пеш дар аксар навоҳии кӯҳистонӣ пешбинӣ шудааст.  

  

Страницы