Сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии КҲФ бо роҳҳои пешгирии бемории сил ошно шуданд

Сил чӣ беморист ва инсон ба он чӣ гуна метавонад мубтало шавад? Оё нишонаҳое дорад, ки одам эҳсос мекунад, ки ба ин касалӣ гирифтор шудааст? Ва роҳҳои муоинаи он чӣ гунаанд? Омилҳои сироят ба ин беморӣ кадомҳоянд? Ва оё сил табобатшаванда аст? Инҳо чанд суоле буданд, ки дар ҷараёни мулоқоти мутахассисон бо сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии КҲФ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Кормандони КҲФ муносибат бо расонаҳоро меомӯзанд

Тарзи муносибат бо расонаҳои хабарӣ, равиши мусоҳиба бо хабарнигорон, ироаи маълумот ва арқом ба расонаҳо ва ғайра дар омӯзише мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки рӯзи 18-уми ноябр дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд ва қарор аст он то 23 ноябр идома кунад.

 

Рӯзи покиву низофат дар Раёсати Кумита дар вилояти Суғд

Шанбеи гузашта ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон як рӯзи покиву низофат гузарониданд. Бино ба гузориши ҳамкорамон Шоҳзода Бутаева ҳайати шахсии Раёсат ба ҳашари умумие, ки дар саросари шаҳри Хуҷанд гузашт, пайвастанд.

ДОНИСТАНИҲО: Афзоиши қурбониён ва зарардидагони офатҳо дар олам

Муаллифони солномаи “Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулода...дар соли 2018” ба ин назаранд, ки таҳлили раванди зуҳуроти фалокатбори табиӣ дар рӯи Замин нишон медиҳад, ки сарфи назар аз пешрафти илмӣ - техникӣ, ҳифзи одамон ва техносфера аз хатарҳои табиӣ  боло намеравад.  Дар тӯли солҳои охир шумораи қурбониёни зуҳуроти харобиовари табиӣ дар ҷаҳон ҳар сол 4,3% ва теъдоди осебдидагон то 8,6% зиёд мешавад.

Сардиҳо ва барфу борони се рӯзи оянда

Агентии ҳавошиносии кишвар бо пахши як эълон сокинон ва меҳмононро аз сардии ногаҳонӣ ва тағйири ҳаво ҳушдор додааст. Ин ниҳод мегӯяд тағйири дамои ҳаво бар асари ҳаракати дамои сарди арктикӣ воқеъ мешавад.  Тағйири ҳаво аз рӯзи 20-уми ноябр шуруъ мешавад ва бино ба ҳамин маълумот рӯзи 21 ноябр дар аксар манотиқи кишвар борон меборад ва ин борон дар доманакӯҳҳо ба ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ ба барфи тар

Страницы