Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»

Донишмандони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!

Мардуми шарифи тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта, дар хотираи таърихии хеш корномаву қаҳрамонии фарзандони давлатсозу ватандӯст, далеру ғаюр ва фарҳангсолору адабпарварро ҳифз намуда, дар осори хаттиву шифоҳӣ симои барҷаставу тобноки онҳоро ситоиш менамояд.

Ин мероси ниҳоят ғанӣ, ки рӯҳи ниёгон дар он нуҳуфтааст, бо мазмуни баланди башардӯстонаву инсонпарваронааш ба ганҷинаи моддиву маънавии ҷаҳонӣ ворид шуда, диққати оламиёнро ба худ ҷалб кардааст.

Наҷоти чӯпоне, ки ба ҷарии умқаш беш аз 15 метр сарозер шуда буд

20 – уми октябри соли равон ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг заданд ва хабар доданд, ки дар наздикии ҷамоати деҳоти Чорсӯи деҳаи Молики шаҳри Ваҳдат як чӯпон дар ҷарӣ сарозер шудааст ва ба кумак ниёз дорад.

Кормандони наҷоти Кумита сари вақт ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ва занбар чӯпони 41-соларо аз умқи бештар аз 15 метр боло оварданд. Ҳангоми сарозер шудан дасти ӯ шикаста буд.

Барномаи радиои “Ватан” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

«Ҳеч касе бетараф нест”. Ҳамин буд шиори даҳрӯзаи коҳиши хатари офатҳо, ки ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офоти табиӣ бахшида шуда буд.

Мулоқоти кори дар Кумита вобаста ба мулоқоти Президенти ҶТ бо кормандони соҳаи саноати кишвар

Санаи 19.10.2019 дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсӣ вобаста ба мулоқоти Президенти ҶТ бо кормандони соҳаи саноати кишвар машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

«Рӯзи дарҳои боз” барои бачаҳо

Бачаҳо кунҷкованд. Вақте таҷҳизотеро нишон медиҳед, даҳҳо суолро якбора сарозер мекунанд ва кас намедонад ба кадоме аз ин суолҳо пештар посух бидиҳад. Ин кунҷковӣ ҳар гуна сайру саёҳат ва диду боздидро шавқовар мекунад. Баъзан вақти дидор ба поён мерасад ва суолҳое бепосух мемонанд. Ҳамин гуна иттифоқот дирӯз, дар ҷараёни баргузории  “Рӯзи дарҳои боз” дар КҲФ низ рух дод.

Страницы