Дар инфиҷори киштии боркаш дар Находка ду нафар кушта ва як тани дигар бенишон шудаанд
Чоп шуд: 02/11/2019 | redaktorДар танкери (киштии боркаш) “Халиҷи Амрико” дар мавзеъи Находка таркиш ба амал омад, ки бар асари он 3 нафар кушта шуданд. Дар ин бора “Интерфкс” истинодан ба маркази ҳамоҳангсозии наҷоти баҳрии Владивосток хабар дод.
Раёсати тафтишотии нақлиёти Шарқи Дури Федератсияи Русия дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Гуфта мешавад, ки субҳи 2 ноябри соли равон дар киштӣ, ки дар димоғаи Астафев шино мекард, садои таркиш баланд шуд.