ДОНИСТАНИҲО. Панҷгонаи хатарноктарин кӯҳҳои олам. (Бахши аввал)

Замоне, ки кӯҳнавардон қасди фатҳи қуллаи Эверест (непалӣ: Согормото ба маънои Сар ба осмон ва тибетии Ҷомолунгма) мекарданд, оламиён ба ин гумон буданд, ки ин кӯҳ баландтарин ва хатарзотарин кӯҳи ҷаҳон аст. Дар ҳақиқат садҳо қӯҳнавард дар талоши фатҳи қуллаи Эверест ҷони худро аз даст дод. Вале баъдтар маълум шуд, ки Эверест ягона кӯҳи пурхатар набуда, ҳатто дар қиёс ба кӯҳҳои дигар осонфатҳшаванда ҳам будааст. Тахминан 3 ҳазор кӯҳнавардон дар солҳои гуногун муваффақ ба фатҳи қуллаи он шуданд, ки дар миёни онҳо як бачаи 13-солаи нобино ва пиразани 73-сола ҳам буданд.

Ҳалокати 74 нафар дар қатори оташгирифтаи Покистон (видео)

Бино ба охирин иттилои расида шумори мусофирони ҳалокшуда дар қатори оташгирифтаи Покситон ба 74 нафар расидааст. Ин қатор дар қаламрави вилояти Панҷоб оташ гирифтааст ва бино ба хабари Geo News дар се вагони оташгирифта 200 нафар мусофирон сафар мекарданд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар иртибот ба тағйири обу ҳаво

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 1 то 4-уми ноябри соли равон ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барф меборад. Шамол бо суръати 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳо  8 °С-ро ташкил медиҳад.

Обу ҳавои рӯзи ҷумъа, 1-уми ноябр

Пагоҳ, ҷумъа, рӯзи аввали моҳи ноябр, оғози сюмин ва охирин моҳи тирамоҳ. Ҳисс мешавад, ки Тоҷикистон ҳам ба оҳистагӣ ба оғӯши сарди зимистон худро омода мекунад. Аз рӯз ба рӯзи дигар ҳаво сардтар мешавад, боронҳои тирамоҳӣ ҳам шуруъ шудаанд, ҳатто дар пойтахти кишвар ва навоҳии гарми вилояти Хатлон ҳам аз боришоти дарозмуддату кутоҳмуддат хабар дода мешавад. Гармо тадриҷан ҷойи худро ба сармо медиҳад.

Дар ВМКБ ҳолате тамрин шуд, ки маъмулан баъди заминларза ба вуҷуд меояд

Тамринҳои фармондеҳӣ-ситодии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба анҷом расиданд. Ин тамринҳо дар се марҳила тарҳрезӣ ва аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ роҳандозӣ шуданд.

Страницы