Офоти табиӣ дар кишвар: Вазъ то субҳи рӯзи шашуми июн

Селҳои харобиовар дар гӯшаву канори кишвар. Як куштаву як бенишон рафта дар сели ноҳияи Панҷекат. Харобиҳои азим дар Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиёнро ҷиҳати ташкили корҳои наҷот ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба макони селзадаи ноҳияи Рӯдакӣ эъзом

Бахшида ба «Рузи байналмилии ҳифзи муҳити зист» иқдоми муштарак баргузор гашт

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологӣ дар давраи то соли 2020», ки  2 апрели соли 2015 № 178 қабул гардидааст, инчунин ҷиҳати иҷрои Нақша-чорабиниҳои Кумита барои соли 2019, аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдоми «Тозагии соҳил» бо ҷалби сарбозони қисмҳои ҳарбии Кумита гузаронида шуд.

Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Ҳамватанони азиз!

Субҳи панҷуми моҳи июн иди саиди Фитр фаро мерасад. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтиву некрӯзӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям. Хурду бузурги кишвари мо шукрона мекунанд, ки ҷашну идҳои милливу давлатӣ ва

Боронҳои пуршиддат, селҳои харобиовар. Ин хатарҳо то рӯзи 7-уми боқӣ мемонанд

Боронҳои пуршиддати ду рӯзи охир зиндагиро дар баъзе манотиқи кишвар ба мушкил рӯ ба рӯ карданд, ҳаракат дар роҳҳо мошингард гоҳе хатарнок шуд, будану мондан дар даштҳо барои чаронидани чорво хатари зиёд овард, кишоварзон ба идомаи корҳо саҳро имконият наёфтанд. Дар баъзе минтақаҳо сел омад, хонаҳоро, заминҳои киштро хароб кард. Ба амнияти мардум таҳдид шуд. Хушбахтона, ин ҳама бе талафоти

Вазъи кишвар дар 3 июни соли 2019

Боду ҳавои сербориш рузҳои охир сабабгори омадани сел дар ҳудуди як қатор минтақаҳои кишвар гардид.

1 июни соли 2019 дар натиҷаи боришоти шадид  ҳудуи  деҳаи Оби Шифо ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз ҷониби ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ  селҳо поён фаромада, ба 70 қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ зарар расонида, ба таҳхонаҳои 8 хонаи истиқоматӣ обу лойқа ворид гашт. Хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Страницы