Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд

Аз аввали соли 2018 воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба 150 танро наҷот доданд, ба бештар аз 600 ҷабрдида дар офатҳои табиӣ ёрӣ расонданд. Техникаи махсуси КҲФ ба 24 шаҳру ноҳияи кишвар маводҳои сохтмонӣ интиқол додааст, 1136 қитъаи хатарнок ошкор карда шудааст ва бештар аз 200 нафар ба маконҳои амну бехатар кӯчонида шудаанд. Ин рақамҳо дар ҷаласаи ҳисоботии коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда эълон гардиданд.

“Хуни ҳаром” Андар баёни далоили таърихии пайвандии босмачӣ-наҳзатӣ-терроризм, ки илм исбот кардааст

Довуд Исматӣ

Амалан, илм исбот кардааст, ки босмачӣ ё босмачигароӣ ин ҳамон террористу терроризм аст, аммо то ин замон шояд кам касоне шунидаанду медонанд, ки босмачиёну босмачигароҳои тоҷик (террористон) ҳамеша дар оғуши неруҳои аҳриманӣ, бахусус терроризму фашизм, ҷой ҷӯстаанд.

Тамринҳои омодабош ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар Шаҳринав

Мудофиаи гражданӣ омодагии кофӣ мехоҳад ва бахусус дар ҳамин шабу рӯзе, ки зимистон дар мекӯбад ва барфу борон омехта ба ҳам меборанд, хатари офатҳои табиии эҳтимолӣ ҳам зиёд аст. Нерӯҳо ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора барои омодагӣ ба ҳар ҳолати эҳтимолӣ дар тамринанд. Ҳамин гуна як машқи тактикӣ ахиран дар ноҳияи Шаҳринав гузашт.

Нармии ҳаво дар рӯзҳои 13-14 январ эҳтимолияти лағзиши тармаро бештар мекунад

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран иттилоъ дод, ки рӯзҳои 12-13 январи соли равон дар аксари ноҳияҳои кишвар туман меояд. Ду рӯзи баъдӣ, яъне рӯзҳои 13-14 январ ҳаво рӯ ба софӣ меорад, абрҳои боронӣ осмонро холӣ мекунанд, ҳарорати ҳаво низ вобаста ба ин тағйир меёбад.
Табиист, ки мулоим шудани ҳарорат муҷиби обшавии барфҳо

Киштии боркаши “Волга-Балт” дар соҳилҳои Туркия ғарқи об шуд

Дар соҳилҳои баҳри Сиёҳи қаламрави Туркия киштии боркаш дар об ғарқ шуд. Ин киштӣ, ки «Волга-Балт» номида мешавад, бо парчами Панама дар ҳоли ҳаракат буд. Хабари ғарқи об шудани киштиро хадамоти матбуотии ҳокими вилояти Самсуни Туркия расонаӣ кард.

Гуфта мешавад, ки «Волга-Балт» наздикии соати ҳашти субҳи

Страницы