ОБ. ТОҶИКИСТОН ПЕШОҲАНГИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ОН

«Кишвари мо, ҳарчанд дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад». 

Эмомалӣ РАҲМОН

ТЕРРОРИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ КОРИ ДАСТИ ТТЭ ҲНИ БУД

Роҳбарону фаъолони фирории ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки айни ҳол аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар Аврупо паноҳ бурдаанд, ба ҳар роҳ мекӯшанд худро аз қабзаи террорист будан раҳонанд ва нишон диҳанд, ки гӯё ҷинояте содир накардаанд. Онҳо мехоҳанд ТТЭ ҲНИ - ро ҳамчун ҳизби сиёсӣ ва худро ҷабрдида вонамуд кунанд, то аз дастгирии молиявию маънавии созмонҳои аврупоӣ

Озмуни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои беҳтарин нигоштаҳо дар мавзуъи коҳиши хатари офатҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо, ки ҳар сол 13-уми октябр таҷлил мешавад, миёни воситаҳои ахбори омма барои беҳтарин нигошта дар ин мавзуъ (очерк, мақола, навори видеоӣ, барномаи телевизионӣ ва ё радиоӣ) озмун эълон мекнуад.
ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН:

Имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар самти идораи офатҳои табиӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳинд

8 октябри соли 2018 баъди анҷоми гуфтушунидҳои расмӣ миёни Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо дар самти идораи офатҳои табиӣ имзо шуд.

Ёддошти тафоҳум ҳамкориҳои васеъ миёни ду кишвар дар самти пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, ҳамчунин расонидани кумакҳо барои бартарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад. 

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон сагҳои кинолог харидорӣ кард

Сагҳо дар хадамоти наҷот. Бори аввал Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода аз сагҳои хидмативу омӯзишдодаро дар наҷоти одамон дар офатҳои табиӣ таҷриба мекунад. Амин гуна як вохиди вижа ҳам дар сохтори Кумита таъсис шуд ва он марҳилаҳои аввали фаъолияти худро мегузаронад. Бори аввал сагбачаҳо барои омӯзиш ва тамрин харидорӣ шуданд. Ин таҷриба чӣ натиҷа хоҳад дод, вақт нишон медиҳад.

Страницы