ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ. Барои пешгирӣ аз сироят ба короновирус чиро бояд донист?

Хеле саривақтист агар мо бояд донем, ки барои сироят нашудан ба ин вируси балоовар чӣ кунем? Тавсияҳо кумак хоҳанд кард, ки ҳадди хатар коҳиш ёбад ва моро аз сироят ба вирус эмин дорад. Иҷрои тавсияҳо мушкил нестанд, муҳим он аст, ки риоя кунем. Саломатии инсон дар дасти худи инсон аст. Ҳеч табибе табибтар аз худи мо нест, чун ин саломатии мост. Пас то он ки тан ниёз ба табиб пайдо кунанд, онро худи мо бояд муолиҷа кунем. Мо қаблан ҳам ин гуна тавсияҳо доштем, ки поинтар ба он ишора хоҳем кард. Вале он чӣ ҳоло мехонед, низ заруранд.

 

ҚОИДАИ 1. ДАСТҲОЯТОНРО ТЕЗ-ТЕЗ БО СОБУН ШӮЕД 

Бо истифода аз поккунандаҳои қавӣ дасту рӯятонро покиза бишӯед. Ҳолати беҳдоштии дастон ин чораи басо муҳими пешгирикунандаи зуком ва инфексияи коронавирус мебошад. Бо собун бишӯед ва микробҳоро берун созед. Агар шумо имкони бо собун шустани дастонатонро надоред, аз дастмолҳои спиртдор ва ё тамйизкунанда истифода баред.  Ҳамеша тоза кардани миз, дастаҳои дар, курсиҳо ва ғайра вирусро нобуд мсозад. 

ҚОИДАИ 2. МАСОФА ВА ОДОБИ МУОШИРАТРО РИОЯ НАМОЕД

Вирусҳо аз шахси бемор ба шахси солим аз роҳи ҳаво, тариқи заррачаҳо ва қатра – ҳангоми атса задан ва ё сулфидан, мегузаранд. Аз ин рӯ, масофаи шумо ва бемор на камтар аз 1 метр бошад. Ба бинӣ, даҳон ва чашмонатон даст нарасонед, зеро вирусҳои сармохӯрдагӣ ва короно аз ҳамин тариқ сироят мешаванд.  Ниқоб пӯшед ва ё аз воситаҳои дигари муҳофизатӣ истифода кунед, то хатари сироят коҳиш ёбад.     Ҳангоми сулфидан ва ё атса задан бояд даҳон ва биниро бо дастмолҳои истифодаи як бор пӯшид ва баъдан онҳоро партофт. Худдорӣ аз сафарҳои безарурат ва рафтан ба ҷойҳои серодам хатари сироятро кам мекунад.

ҚОИДАИ 3.ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДОШТА БОШЕД 

Тарзи ҳаёти солим организмро ба муқовимати вирусҳо омода месозад. Риояи ҳама гуна қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла низоми хоб, истеъмоли ғизоҳое, ки сафедаҳои зиёд, витаминҳо ва модаҳои минералӣ доранд ва фаъолнокии ҷисмонӣ хавфи сироятро коҳиш медиҳад. 

ҚОИДАИ 4. РОҲҲОИ НАФАСКАШИРО БО ЁРИИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ МУҲОФИЗАТ КУНЕД    

Дар миёни воситаву василаҳои зиёди беҳдоштӣ бо худ доштани ниқоби тиббӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Ин василаест, ки хатари сироят ба вирусро коҳиш медиҳад. Ниқобҳои тиббиро барои узвҳои нафаскашӣ дар ин ҳолатҳо истифода мебаранд:

- ҳангоми рафтан ба маконҳое, ки одамон зиёданд, дар нақлиёти шаҳрӣ ва ғайра;

- ҳангоми нигоҳубини бемори гирифтор ба вирус;  

- ҳангоми суҳбат бо касоне, ки нишони сироят ба вирусҳо доранд;  

- ҳангоми хатари сироят ба инфексияҳое, ки аз роҳи ҳавоӣ бо қатраҳо мегузарад.

НИҚОБРО ЧӢ ГУНА БОЯД ИСТИФОДА КАРД?

Ниқобҳо сохторҳои гуногун дошта метавонанд. Метавонанд истифода барои як бор бошанд ва метавонанд бисёркарата истифода шаванд. Ниқобҳое ҳастанд, ки муддати аз 2 то 6 соат истифода мешаванд. Аммо наметавон як ниқобро такрор ба такрор истифода кард, чун шумо метавонед худро дубора сироят кунед. Барои он ки худро аз хатари сироят ба ҳар гуна вирус эмин доред, муҳим аст, ки онро дуруст пӯшед:

 - ниқоб бояд даҳон ва биниро пурра бипӯшонад ва барои вуруди вирус сӯрохе надошта бошад; 

- кӯшиш кунед вақте онро мекашед, ба рӯяш даст нарасонед ва агар даст расондед, пас дастнатонро бо собун ва ё маҳсулоти спиртӣ бишӯед;

- ниқоби тар ва ё намкашидаро бояд бо ниқоби хушку нав иваз кунед;

- ниқобҳои истифода барои як борро дубора истифода накунед;

- ниқоби истифодаи як борро фавран ба партовгоҳ партоед.  

Вақти нигоҳубини бемор ва анҷоми иртибот бо ӯ ҳатман бояд ниқобро кашед ва фаврӣ дастонатонро бо собун ё маҳлулҳои дигари тамйизӣ бишӯед. Ниқоб танҳо замоне ба шумо лозим аст, ки дар миёни одамони зиёд гаштугузор мекунед, дар нақлиёт сафар доред ва ё бемори гирифтори вирусро нигоҳубин мекунед. Дар ҳавои кушод ва ҷойҳои беодам пӯшидани он ҷоиз нест. Дар кӯча, вақте шумо мехоҳед аз обу ҳавои тоза нафас кашед, пӯшидани ниқоб зарурат надорад.Аммо табибон мегӯянд пӯшидани ниқоб ин ягона роҳи пешгирӣ аз сироят ба вирус нест ва кафолати пурра ҳам надорад. Барои сироёт наёфтан чораҳои дигари пешгирикунандаро бояд ҳатман риоя намоед.

ҚОИДАИ 5. ДАР ҲОЛИ ГИРИФТОР ШУДАН БА САРМОХӮРДАГӢ ВА Ё КОРОНАВИРУС ЧӢ БОЯД КАРД? 

Дар хона бимонед ва таъҷилан ба духтур муроҷиат намоед.Тибқи тавсияҳои духтур амал кунед, бештар об истеъмол кунед.

НИШОНАҲО КАДОМАНД?

Таби баланд, вараҷа дар бадан, сардардӣ, заифӣ, оби бинӣ, сулфа, мушкилӣ дар нафаскашӣ, дард дар мушакҳо, илтиҳоби мултиҳима. Дар баъзе ҳолатҳо метавонад дилбеҳузурӣ, қайъ, исҳол ё дарунравӣ дошта бошад. 

МУШКИЛОТ ДАР ЧИСТ?

Дар байни мушкилот илтиҳоби вирусӣ пешсаф аст. Ҳангоми илтиҳоби вирусӣ вазъи саломатӣ ба шиддат бад мешавад, дар бисёре аз беморон дар 24 соати аввал аллакай нафаскашӣ мушкил мешавад ва ба ҳимояти фаврии нафасӣ ниёз пайдо мекунанд. Шуруъи табобати зуд барои ҳалли ин мушкил ёрӣ мерасонад.

ЧӢ БОЯД КАРД АГАР ДАР ХОНА КАСЕ БА ИН ВИРУС СИРОЯТ ШУДА БОШАД? 

Духтурро даъват кунед. Барои бемор  ҳуҷраи алоҳидаро ҷудо кунед ва агар ин имконпазир набошад, фосилаи на камтар аз 1 метр аз беморро риоя намоед. 

Иртиботи беморро бо наздиконаш маҳдуд кунед, бахусус талош кунед кӯдакон ва солмандон бо вай робита надошта бошанд. Ҳавои хонаро тез-тез тоза кунед. Тозагиро риоя намоед, асбобу анҷоми маишӣ, бахусус косаву табақ, чойнику пиёлаҳоро зуд-зуд бишӯед.Дастонатонро бештар бо собун ва ё моеи шустушӯӣ бишӯед. Ҳангоми нигоҳубини бемор даҳонатон ва биниатонро бо ниқоб ва дигар воситаҳои ҳифозатӣ (рӯмол, шарф ва ғайра) бипӯшед.Танҳо як нафар аз узви оила бояд беморро нигоҳубин кунад.Ва боз ҳам дар бораи қоидаҳои бехатарӣ:

Бе воҳима: Тавсияҳои журналисти тоҷики муқими Эрон Исфандиёр Халилов