Браргузории ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои фаврии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ)

26 январи соли 2024 дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати ва иштироки як қатор намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ҷаласаи стратегии Гурӯҳи арзёбиҳои фаврии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) баргузор шуд.

Раиси Кумита ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар бораи ҳолатҳои фавқулодаи ба қайд гирифташуда дар соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон маълумот дод. Дар бораи ҳаҷм ва навъҳои кумак ба аҳолии осебдида аз ҷониби ҳукумати кишвар ва пурзӯр намудани кор дар ин самт аз ҷониби Гурӯҳи арзёбиҳои фаврии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) сухан ронд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба иштирокчиён шарҳи вокуниши шарикон ба ҳолатҳои фавқулодда, тасдиқи Изҳороти таҷдидшудаи ҳусни тафоҳум байни шарикон ва баррасӣ ва тасдиқи нақшаи кории Гурӯҳи арзёбиҳои фаврии ҳолатҳои фавқулода барои соли 2024 пешниҳод карда шуд. Инчунин, иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба рафти татбиқи ҷузъи IV ташаббуси «Огоҳии пешакӣ барои ҳама» (EW4All) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Харитаи роҳ оид ба татбиқи он барои соли 2024 маълумот доданд. 

Зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён оид ба Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии татбиқи ташаббуси “Огоҳӣ барои ҳама”, ки қарор аст моҳи августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, маълумот дода шуд. Ҳамчунин барномаи «Нақшаи сармоягузории нуҳсола», ки аз ҷониби лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд таҳия шудааст, рӯнамоӣ гардид.

Дар фарҷоми нишаст иштирокчиён ҳамкориҳои минбаъдаи афзалиятдошта дар самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаро муайян намуданд.