Раёсати тиббии ҳарбӣ ва госпитали ҳарбии Кумита соли 1999 дар ошёнаи 4 – уми Дастгоҳи марказии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Раёсати тиббии ҳарбӣ ва госпитали ҳарбӣ то соли 2004 дар бинои Дастгоҳи марказӣ фаъолият намуда, баъдан госпитали ҳарбӣ дар деҳаи Чорякорони ноҳияи Рўдакӣ соҳиби бинои корӣ гардид. Бинои мазкур қисман таъмир карда шуда, барои фаъолияти ҳаррўзаи госпитал шароит фароҳам оварда шуд.
Раёсати тиббӣ, комиссияи ҳарбӣ-тиббии Кумита дар самти соҳавӣякчанд пешравии назаррасро соҳиб гашт. Дар госпитали ҳарбии деҳаи Чорякорон фаъолияти рентген, УЗИ, сабти барқии дил ба роҳ монда шуд.
Соли 2009 Раёсати тиббӣ, комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ ва госпитали ҳарбӣ соҳиби бинои нав дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гардид.
Аз соли 2008 фаъолияти шўъбаи ҷарроҳӣ, эндоскапия, сабти барқии дил ва ташхиси фаросавти ҷорӣ гардид.
Охири соли 2012 ва авали соли 2013 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Кумита госпитали ҳарбӣ соҳиби таҷҳизотҳоинави замонавӣ гардид, аз ҷумла:
-дастгоҳҳои беҳисгардонии РО 9, ТУС (миндрай 1100), сабти барқии дил, таҷҳизотҳои ҷарроҳӣ, велоэргометрия, УВЧ-66, кварц, таҷҳизотҳои лабораторӣ, утоқи дандонпизишкӣ ва ѓайраро соҳиб гашт. Фаъолияти пурраи ҳуҷраи доругузаронӣ, ҷарроҳӣ ва дигар шўъбаҳо ба роҳ монда шуд.
Ташхис ва муоинаи вазъи саломатии хизматчиёни ҳарбиро мунтазамгузаронида, доир ба қобил дар хизмати ҳарбӣ будан ё набудани онҳоро муайян менамоянд.
Дар якҷоягӣ бо «Марказӣ наҷотдиҳӣ» барои таъмини устувории фаъолияти наҷотдиҳии тиббӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда корҳои мушаххасро анҷом медиҳанд.
Вобаста ба масъалаҳои тиббӣ дастурамалҳо, меъёрҳо ва қоидаҳоро таҳия ва ҷорӣ менамояд.
Ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии қисмҳои ҳарбӣва дигар воҳидҳои сохтории Кумита бо амволу лавозимот ва таҷҳизоти тиббӣ такмили ҳолати муқаррарии санитарию-гигиенӣ тадбирҳо андешида, ба роҳбарияти Кумита маълумот медиҳад.
Ҳайати шахсии Раёсати тиббӣ шароити зисти сарбозон, ҳолати санитарию – гигиении қисмҳои низомӣ ва ситодҳоро назорат менамояд.
Раёсати тиббӣ, комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ ва госпитали ҳарбии Кумита, барои сиҳатӣ ва саломатии сарбозон, афсарон ва аъзои оилаи онҳо, кушиш ба харҷ медиҳад, ки тамоми малакаю қобилияти худро истифода бурда, солимии онҳоро дар сатҳи баланд нигоҳ дорад.