Сели чанд рӯзи охир ба ноҳияи Хуросон чӣ зарар овард?

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Хуросон натиҷаҳои санҷишҳои аввали худро эълон кард. Дар ҳисобот шумори хонаҳои қисман ва пурра харобшуда ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон овар шуд. Ҳамчунин ин комиссяи дар аввалин ҷаласа бо ширкати намояндагони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, ки таҳти сарварии муовини Сарвазири мамлакат баргузор шуд, аз корҳои то кунун анҷомшуда иттило дод.

Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои 14-16-уми майи соли равон дар деҳаҳои Неъматулло Асадулло, XVIII Партсъезд ва Хуросони ҷамоати ба номи Садриддин Анйӣ, ҳамчунин рустои Пахтаободи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел омад ва хонаҳои истиқомативу қитъаҳои наздиҳвлигии сокинонро зери об кард.  

Дар ин селҳо дар умум 338 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст, ки 14 хона пурра, 1 хона қисман хароб шуда ва 12 хонаро худи сокинон ҷамъу ғун кардаанд. 

Соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи офати табиӣ ба сокинони ин маҳалҳо дар деҳаҳои Офтобак ва Чорбоғи ҷамоати Айнӣ  заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда буд.

Бо мақсади роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14-уми майи соли 2020 кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва техникаи махсусро ба ноҳияи осебдида равон карда буд. Барои корҳои барқарорсозӣ 200 литр сӯзишвории дизелӣ, экскватор ва мошини борбардорро равона сохт. 

Бо талоши Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон корҳои зери ба анҷом расиданд: 28 хонаи истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ  аз лойу лойоба тоза карда шуданд. Корҳо дар самти бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ идома доранд. 

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон 35 хайма барои ташкили шаҳраки муваққатии хайманишинон ҷудо намуд ва  дар он хонаводаҳое, ки ҷойи рафт надоштанд, ҷойгир карда шуданд. 

18 – уми майи соли равон Комиссияи ҳукуматӣ бо сарварии Ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон Д.Гулмаҳмадзода аз ноҳияи офатрасида дидан намуданд. 

Дар ҷаласаи фаврӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои давлатӣ, намояндагони хонаводаҳои зарардида масъалаҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ баррасӣ шуданд.

Барои ба эътидол овардани вазъ вазифаҳои мушаххас дода шуданд.