Чин мегӯяд панҷ воксани зидди короновирусро озмоиш кардааст

Чин ҳам дар бораи озомиши муваффақонаи панҷ воксани мухталиф барои короновирус хабар дод. Мақомоти чинӣ мегӯянд ин воксанҳо ҳоло дар бадани 2575 нафар ихтиёриён мавриди санҷиш қарор гиифтанд. Агар санҷишҳои баъдӣ ҳамин гуна муваффақона бошанд, пас метавон умед кард, ки озмоиши клиникии ин воксанҳо моҳи июл ба таври фарогир оғоз хоҳанд гашт. Дар ин бора РИА Новости истинодан ба суханони ҷонишини сарвари кумитаи давлатии масъалаҳои тандурустӣ Сзэн Исин хабар дод.

Донишмандони чинӣ ин воксанҳои санҷидашударо ба ҳаёти инсонҳо бехатар унвон кардаанд. Онҳо аллакай натиҷаҳои мусбатеро дар бораи таҳияи антитела ба озмоишшавандагон ба даст овардаанд. Таъсири иловагие ба хоҳишмандон дар ин озмоишҳо ба мушоҳида нарасидааст. 

Тибқи иттилои Донишгоҳи  Ҷонсон Ҳопкинс аз замони авҷи короновирус дар Чин дар қаламрави ин кишвар 84 ҳазор нафар ба он сироят шуданд ва бештар аз 4,6 ҳазор нафари онҳо фавтиданд. 

Ба он нигоҳ накарда, ки эпидемияи COVID-19 аввал дар Чин пайдо шуд, то кунун аз сирояти одамон гоҳ-гоҳе хабарҳо паҳн мешаванд. Ахиран иттило дода шуд, ки дар вилояти Ҳубей як нафаре сироят шудааст, ки ҳолаш дар бемористон хеле вахим аст.