Мулоқот бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ

27 феврали соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ вохӯрии раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии хонум Ҳенрике Брехт, мутахассиси аршад оид ба идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ дар Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин ҳайати Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи  муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директори он Абдулло Қурбонзода иштирок дошт.

Дар мулоқот масъалаҳои фаъолияти минбаъдаи Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи муштарак бо КҲФ ва Агентии обуҳавошиносии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳадафи аслии ин дидор баррасии иҷрои рисолати омодасозии марҳилаи дуюми Лоиҳаи таҷдиди хадамоти обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ буд.

Илова бар ин, масъалаҳои ташкили тмринҳо, давраҳои омӯзишӣ ва семинарҳо барои кормандони КҲФ ва Агентии обуҳавошиносӣ баррасӣ шуданд.

Дар навбати худ хонум Брехт қайд кард, ки Кумита дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ корҳои басо муассирро анҷом додааст.

Вай ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Бонки ҷаҳонӣ ва КҲФ   изҳори боварӣ кард.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуда, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.