КҲФ: То 27 март хатари лағжиши тарма боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 21-22 марти соли равон бар асари боришоти зиёд эҳтимоли боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо, аз ҷумла дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки аз қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.

Аз 21 то 27 марти соли равон дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.  Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои одии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

КҲФ хотиррасон мекунад: дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё ба қисми навбатдорӣ бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед. 

барчасп: