Аз беназоратии волидон тифли чорсола дар оби калан уфтоду ҷон бохт

Як кӯдаки 4-сола, сокини деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кушониён аз беназоратии падару модар дар канали деҳа уфтодаву ҷон бохтааст.

Рӯзи 28-марти соли 2024 наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади ӯро 500 метр поинтар аз ҷойе, ки ба об сарозер шуда буд, пайдо ва ба пайвандонаш супурданд.

Аксари ҳодисаҳои ғарқ шудани кӯдакон бо айби волидон сурат мегирад. Маҳз онҳоянд, ки тифлонро беназорат мегузоранд ва сабабгори фоҷеа мешаванд.

Кумитаи ҳзолатҳои фавқулодда аз сокинони калонсоли кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад бо дарки масъулият дар назди насли хурдсол ҳамеша мутаваҷҷеҳи ҳар амали онҳо бошанд.

Беназоратӣ зояндаи ҳар фоҷеаву нохӯшист.