Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Аз гармои шадид эҳтиёт кунед!

Даҳаи аввали моҳи июл бо пайғоми оғози гармои шадид барои кишвар ба поён мерасад. Аз ин ба баъд сокинони кишвар бояд худро ба гармиҳои шадид омода созанд. Бахусус касоне, ки сафарҳои роҳи дурро тарҳрезӣ кардаанд ва мехоҳанд аз гӯшае ба гӯшаи дигари кишвар раванд, бояд бештар эҳтиёт кунанд. Хавфи обхезӣ бар асари гармо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии мамлакат хабар медиҳад, ки аз 9-уми июли соли равон дар ҷумҳурӣ гармои шадид ҳифз мешавад. Сокинонро ҳавои хушку бебориш интизор аст. Гармии ҳаво то ба 43 дараҷа хоҳад расид. 

Болоравии ҳарорати ҳаво дар баландкӯҳҳо сабабгори обшавии барфҳо, пиряхҳо ва афзудани сатҳи об дар рудхонаҳо мешавад, ки ин метавонад ба обхезӣ ва резиши санг аз кӯҳҳо ба роҳҳо оварда расонад. 

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ гузаштан ва ҳузур дар соҳили дарёҳову кӯлҳо ботаваҷҷӯҳ бошанд. 

Ҳамчунин Кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат хоҳиш мекунад барои таъмини бехатарии худ ва атрофиён ин чанд тавсияро риоя кунанд:

  • Кӯшиш кунед ҳарчи камтар зери нури офтоб бошед. Аммо дар ҳоли зарурат бо худ гирифтани чатр ва ё кулоҳи тобистонаро фаромӯш накунед;
  • Ҳарчӣ бештар об истеъмол кунед;
  • Дар ёд дошта бошед, ки бештар кӯдакону наврасон ва афроди солманд ба хатари гармо гирифтор мешаванд; ғамхорӣ дар ҳақи онҳоро фаромӯш накунед;
  • Ҳангоми сафар бештар ба худ диққат диҳед, зеро вазъи саломатии инсон метавонад дар гармо бештар бад шавад;
  • Бештар ҳангоми истироҳат ва оббозӣ эҳтиёткор бояд буд, қоидаҳои будубош дар соҳили дарёву рудхонаҳо, каналҳо, ҳавзҳои оббозӣ ва шаршараҳоро ҷиддан риоя кунед;

 Агар ҳолате пеш меояд, ки кумак лозим аст, фавран бо телефони  223-13-11 ва ё 112 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат намоед!