Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ сабаби интиқол 8 хонавода ба ҷойи амн шуд

31 августи соли 2024, соати 18:10 дар шохоби рости канали Баҳористон, ки аз канори заминҳои иловагии деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон мегузарад ва заминҳои кишти ноҳияи Хуросонро обёрӣ мекунад, садама рух дод. Дар натиҷаи хароб шудани қубур ва ба миқдори аз меъёр зиёд ҷорӣ шудани об ҳодисаи фурӯравии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагӣ ба қайд гирифта шуд.

Садамаи мудҳиш дар Федератсияи Русия сабаби марги 8 нафар шуд. Мошин мутааллиқ ба як шаҳрванди Тоҷикистон буд

Бино ба маълумоти пешакии Маркази навбатдори идораи ҳолатҳои бӯҳронии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия, 1 сентябри соли 2024 соати 11:00 (бо вақти Маскав) дар ҳудуди ноҳияи Навашински вилояти Нижний Новгород дар километри 357-уми шоҳроҳи Самара-Маскав автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс» таҳти идораи ронанда, шаҳрванди 32-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дучори садама шуд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш

Ҳамватанони гиромӣ!

Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!

Устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва ҳозирини гиромӣ! Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми

Кормандони КҲФ суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Рӯзи дониш шуниданд

Субҳи имрӯз, 1 сентябри соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеъи он тамошо ва шунидани дастаҷамъии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш баргузор шуд.
Ин суханронӣ ба сурати онлайн ва мустақим аз бинои

Вохуриҳо бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандони Кумита бо ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, Раёсатҳои моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт, сохтмон, истифодабарии бино ва ишоотҳо, масъалаҳои кӯли Сарез, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ, Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрӣ ва Хадамоти зидди жола, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», дар асоси Нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби сардори Раёсати қӯшунҳо подполковник Давлатзода С., муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо

Страницы