Наҷоти гаришгароне, ки худсарона мехостанд аз дарёе, ки пули мошингузараш хароб шуда буд, гузаранд

5 майи соли 2024 соати 7:30 дар қаламрави деҳаи Хумдони ноҳияи Нуробод сел омад. Дар натиҷа пули мошингузаре, ки ноҳияи Нуробод ва Сангворро ба ҳам мепайваст, ба масофаи 0,6 км хароб шуд. Ҳаракати мошинҳо ба ду самт қатъ гардид.

Вале гурӯҳи гардишгароне, ки ба самти ВМКБ равона буданд, бо вуҷуди он ки аз ҷониби кормандони БДА-и ВКД дар ноҳияи...

КҲФ: Хатари омадани селҳо вуҷуд дорад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фвқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзи 6 майи соли 2024 дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон,  ҳамчунин  ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.

Ду ҳодисаи нохуш дар ҳудуди Хатлон, ки яке фарҷоми фоҷеавӣ дошт

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон ду ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки мутаассифона яке аз он фарҷоми фоҷеавӣ дошт.

5 майи соли 2024 як сокини 47-солаи деҳаи Питов-2 ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг ба дарёи Ёхсу афтод ва ғарқ шуд.

Селҳои ду рӯзи гузашта. Се нафар ҷони худро аз даст доданд

Ҳамчуноне Кумитаи ҳолатҳои фвқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, рӯзҳои 4 -5-уми майи соли равон дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ бар асари боронҳои шадид омадани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо эҳтимол дорад.

Мулоқот бо сарвари Созмони рушди савдои хориҷии Ҷопон (JETRO)

3 майи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо Директори генералии Дафтари минтақавии Созмони рушди савдои хориҷии Ҷопон (JETRO) дар Осиёи Марказӣ   Ҷаноби Ҷун Такахаши баргузор шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин нишаст баррасии масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртибототӣ буд.

Страницы