КҲФ: Хатари омадани селҳо вуҷуд дорад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фвқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзи 6 майи соли 2024 дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон,  ҳамчунин  ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.

Ду ҳодисаи нохуш дар ҳудуди Хатлон, ки яке фарҷоми фоҷеавӣ дошт

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон ду ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки мутаассифона яке аз он фарҷоми фоҷеавӣ дошт.

5 майи соли 2024 як сокини 47-солаи деҳаи Питов-2 ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг ба дарёи Ёхсу афтод ва ғарқ шуд.

Селҳои ду рӯзи гузашта. Се нафар ҷони худро аз даст доданд

Ҳамчуноне Кумитаи ҳолатҳои фвқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, рӯзҳои 4 -5-уми майи соли равон дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ бар асари боронҳои шадид омадани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо эҳтимол дорад.

Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 чоп шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи навбатии солонаи иттилоотӣ-таҳлилии «Шарҳи ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»-ро, ки аз ҷониби мутахассисони КҲФ бо дастгирии молиявии САҲА омода шудааст, нашр кард.

Дар Шарҳ таҳлили муфассали ҳолатҳои фавқулоддаи дар соли 2023 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мулоқот бо сарвари Созмони рушди савдои хориҷии Ҷопон (JETRO)

3 майи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо Директори генералии Дафтари минтақавии Созмони рушди савдои хориҷии Ҷопон (JETRO) дар Осиёи Марказӣ   Ҷаноби Ҷун Такахаши баргузор шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин нишаст баррасии масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртибототӣ буд.

Страницы