Идомаи тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Турсунзода

Тибқи Нақша - чорабиниҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 дар давоми се рӯз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Т.Туйчиеви шаҳри Турсунзода, бо мақомот, қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар мавзўи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва сарварони ҷамоатҳои деҳот ҳангоми сел ва рафъи оқибатҳои он ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ” баргузор шуд.

Падруд бо парчами қисми ҳарбӣ низ як бахш аз маросими хайрбоди сарбозон аст

Аскарбачаҳои хитматхатмкарда ҳоло бо Парчами қисми ҳарбӣ, ки ду сол бо он буданд, падруд мегӯянд. Ин худ як маросими диданиву дилкашест. Рӯзе қабл 71 нафар сарбозоне, ки муддати ду сол дар се қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидм ати Ватанро адо мекарданд, бо ширкат дар як маросими тантанавии хайрбодӣ бо парчами қисми ҳарбии худ низ видоъ карданд.

Тамрини “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” дар шаҳри Турсунзода

6 апрели соли 2022 дар муассисаи таълимии рақами 12 шаҳри Турсунзода тамрини намоишии “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” баргузор шуд.

Дар тамринии намоишӣ муовини раиси шаҳри Турсунзода оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Бобоҷонзода М.М., мудири шуъбаи маорифи шаҳр Л.Раҷабова, хадамоти тиббӣ, 820 нафар хонандагон, 60 нафар омӯзгорон...

Ширкати муовини Раиси Кумита дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи Раёсати Хатлон

5 апрели соли ҷорӣ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали худро ҷамъбаст намуд. Дар кори ҷаласа муовини Раиси КҲФ, полковник С.Исозода ширкат намуд.

Дар ҷаласа шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумита дар вилояти

Ҳар рӯз дар маҳалҳои осебпазир корҳои бехатарӣ роҳандозӣ мешавад

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва аҳолии вилоят дар қаламрави ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Кушониён як силсила корҳои соҳилбандӣ роҳандозӣ намуданд, ҷӯву селроҳаҳоро тоза карданд.

Страницы