Наҷоти одамон дар мошини «Opel Vectra», ки ба дарё сарнагун рафта буд

Бар асари роҳандозии амалиёти наҷот ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар шуд, ки аз мошини ба дарё рафтаи тамғаи «Opel Vectra» одамонро наҷот диҳанд. 
Сокини 27-солаи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва он ҳангоми ҳаракат ба дарё сарозер шуд.  Танҳо бар асари амали фаврии наҷоти кормандони бахши ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Ситоди шаҳри Душанбе, ки зуд ба ҷойи ҳодиса расиданд, аз марги ронанда ва мусофирони он пешгирӣ шуд.

Яхбандӣ: Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар дар яхбандии рӯзҳои пурбориш риояи қоидаҳои зеринро тавсия медиҳад:
- Пойафзолҳои камлағзиш ва ё нолағжону мутобиқ ба яхбандӣ омода созед. Дар пошнаи он порчаи металӣ часпонед, дар  пошнаи хушки он часп занед ва ё ба он лентаи латтаӣ часпонед. Метавонед пошнаро ба рег молед ва ё бо коғази

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки то 27-уми ноябри соли равон ҳавои сард боқӣ хоҳад монд.
Ҳарорати миёнаи ҳаво рӯзона -5—7°С, шабона -10-15°С хоҳад буд. Тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат боридани барф, дар баъзе ҷойҳо бӯрони шадид, ки ҳангоми шамоли сахт бинишро

Парчами давлатиро дар қисмҳои ҳарбии КҲФ беҳтарин сарбозон боло хоҳанд бардошт

Имрӯз дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи Парчами давлатӣ чорабиниҳои тантанавӣ баргузор мешаванд.
Дар ин рӯз чун анъана ба сарбози беҳтарин шарафи боло бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насиб хоҳад шуд.
Ҳамзамон бо ин дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ҷамъомаду

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хадамоти равоншиносон сохта мешавад

Имрӯз Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳадафи дидор баррасии фаъолиятҳои имсолаи Салиби Сурхи Байналмилалӣ, дурнамои ҳамкориҳо ва мусоидат дар таҳкими иқтидори кормандони КҲФ дар масъалаҳои

Страницы