Дар даҳ моҳ 20 ҳолати марги одамон бар асари офатҳои табиӣ иттифоқ уфтодааст

Зарфи даҳ моҳи охир 20 ҳолати марги одамон бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Даҳ нафар дар натиҷаи резиши санг, 7 нафар дар сел, ду нафар дар натиҷаи ярч ва 1 нафар аз раъду барқ ҷони худро аз даст додаанд.
85 дарсади ҳодисаҳои фавти одамон бар асари офатҳои табиӣ дар вилояти Суғд иттифоқ уфтодааст, чун дар ин даҳ моҳ 44 дарсади ҳодисаҳои фавқулодда дар қаламрави ҳамин вилоят рух дода буданд.

44 дарсади ҳолатҳои фавқулоддаи 10 моҳи охир дар қаламрави вилояти Суғд рух додаанд

Зарфи 10 моҳи охир дар қаламрави ҷумҳурӣ 55 њолатњои фавќулодаи табиї сабт шудааст, ки 62 дарсади он ё худ 34 ҳодиса омадани сели харобиовар буд.
14,5 дарсади ҳолатҳои фавқулодда шамоли сахт, 7,3 дарсад ярч, 5,4 дарсад резиши санг будааст.
Дар ин 10 моҳ 2 ҳодисаи ларзиши эҳсосшавандаи замин ба қайд гирифта шуд ва як ҳодисаи тарма низ сабт гардид.
Ин ҳам дар ҳолест, ки зарфи нуҳ моҳи соли

Даричаи ошноӣ: Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ

Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ ягона ташкилоти байналмилалист, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ чун ниҳоди мудофиаи гражданӣ фаъолият мекунад.
Дар айни замон 52 кишвари олам дар ин созмон узвият доранд, 17 кишвар чун нозир ва 17 мамлакати дигар узви вобастаи онанд.
Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ соли 1931 аз ҷониби генерали хадамоти тиббии Фаронса Жорж Сен-Пол

Ширкати кормандони КҲФ дар семинари серӯзаи бехатарии радиатсионӣ

Дар Агентии бехатарии атомӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон семинари серӯзаи  “Арзёбиҳои таҳдид ва таҳдиди лоиҳавӣ” ба кори худ анҷом дод, ки дар он кормандони Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Мавзуъи аслии семинар баррасии қоидаҳои таъмини ҳимояи физикии маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ ҳангоми

Мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо сарварони тозатаъини ду ниҳоди байналмилалӣ

Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода рӯзи чоршанбе бо роҳбари тозатаъини Намояндагии Созмони Салиби Сурхи Байналмилал (НССХ ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Клаудия Аззолини ва Сарвари Бюрои САҲА дар Тоҷикистон хонум Туула Юрйола мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот Сарвари Кумита меҳмононро басо

Страницы