Гуруҳе, ки вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулоддаро арзёбӣ ва ҳамоҳанг мекунад

Инсоният аз оғоз барои муқобилият бо офатҳои табиӣ аз ҳама   имкониятҳои худ истифода мебарад. Бахусус, дар замони мо, ки давлатҳо мекӯшанд дар ҳамоҳангӣ бо якдигар зидди ҳар офати табиӣ омода шаванд, чун зарари расида ба як кишвар ба ҳамсоякишвар низ ҳатман зарар мерасонад.
Гуруҳи арзёбиҳо ва ҳамоҳангсозии вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулодда низ ба ҳамин ҳадаф созмон ёфтааст, яъне дастаҷамъона мубориза бурдан барои бартарафсозии

Мулоқоти кормандони идораи зиддикоррупсионии кишвар дар воҳидҳои низомии КҲФ

Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва мутобиқи  нақшаи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо коррупсия, кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ду қисми ҳарбии Кумита вохӯрӣ баргузор намуданд.

Рустам Назарзода дар Деҳлии Нав “Эъломияи Душанбе”-ро муаррифӣ кард

Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкат дар маросими ифтитоҳи Конфронси вазоратии осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо “Эъломияи Душанбе”-ро муаррифӣ кард.
Ин конфронс рӯзи 3-уми октябри соли равон бо ширкати Садриаъзами Ҳинд Нарендра Модӣ оғоз ба кор кард ва қарор аст то рӯзи душанбе идома кунад.

Боду борони шадид ба хоҷагиҳои вилояти Суғд зарар расонд

Шамоли сахт ва боронҳои  шадид, ки ахиран аз вуқуъи  он Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинонро ҳушдор дода буд, муҷиби хисорати калон шуд.
Дар баъзе манотиқи кишвар, аз ҷумла дар бахше аз минтақаҳои вилояти Суғд интиқоли неруи барқ ба мушкил рӯ ба рӯ гардид, сақфи хонаҳои сокинонро шамол барканд.
Чунончӣ, бегоҳии 3-уми ноябри соли 2016 шамоли сахт дар шаҳри Хуҷанд 12 бех дарахтро ба замин хобонд, хати интиқоли

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти идораи обуҳавосанҷии кишвар сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 3-ум ва 4-уми ноябри соли равон дар қаламрави кишвар (ба истиснои ВМКБ) коҳиши ҳарорат ва вазъи ҳаво дар назар аст.
Дар ин ду рӯз борон, дар манотиқе шамоли сахт пешбинӣ мешавад. 

Страницы