Дар Ишкошим марде ҳамсари даст ба худкушӣ задаи худро наҷот дод, вале худ ғарқ шуд
Чоп шуд: 23/05/2022 | redaktorЯк сокини 29-солаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим ба хотири наҷоти ҳамсари 25-солааш, ки бар асари муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Панҷ андохта буд, ба ҳалокат расидааст.
Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ин оилаи ҷавон соҳиби 3 фарзанд буданд. Сабаби муноқиша маълум нест.