Раёсати Душанбе

Раҳоии панҷ ноболиғ дар лифти харобшуда. Ду нафарашон шаҳрвандони Туркия буданд

15 июли соли 2022 соати 19:45 вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки лифти хонаи №8, кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе вайрон шудаву 5 нафар ноболиғон, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Туркия мебошанд, дармондаанд.

Барои кумаки фаврӣ ба ҷойи ҳодиса имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе эъзом шуданд.

Раёсати Душанбе низ ним соли фаъолияти худро ҷамъбаст кард

4-уми июли соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирок муовини аввали Раиси Кумита полковник Х. Латифзода ҷаласаи таҳлили фаъолияти шашмоҳаи Раёсат баргузор шуд.

Дар ҷаласаи ҳисоботи роҳбарони шуъбаҳои Раёсат шунида шуданд. Дар ин ҳисоботҳо бештар сухан аз корҳои анҷомшуда дар ин шаш моҳи охир сухан мерафт.

Санҷиши ҳолати қабул дар ду лагери тобистона

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми июли соли 2022 ҳолати беҳдоштӣ, тайёрӣ ба қабули кўдакону наврасонро дар лагерҳои истироҳатию фароғатии беруназшаҳрии «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ санҷид.

Аз ҷониби намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ...

Ду мулоқот дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе,  вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо подполковники милитсия Шоҳиён Алохӯҷа – сардори Хадамоти огоҳони пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор шуд.

Санҷиши омодагиҳо ба мавсими оббозӣ дар тафреҳгоҳҳои атрофи Душанбе

мавсими оббозӣ

Рӯзи 1 – уми июни соли 2022, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳолати омодагии бехатарии шаҳрвандон ба мавсими оббозии соли 2022 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе МД

Страницы