Робитаҳои байналмилалӣ

Мулоқот бо ҳайати Агентии байналмилалии кӯмакҳои башарии Оғохон

13-уми январи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Агентии байналмилалии кӯмакҳои башарии Оғохон – ФОКУС бо сарварии Директори иҷроияи он ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъмини ҳифз ва бехатарии аҳолии кишвар аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳалли масъалаҳои

Генерал Назарзода ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиши осиёӣ вориди Ҳинд шуд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиши осиёӣ рӯзи душанбе ба Ҳинд сафар кард.
Қарор аст ин конфронс аз фардо, 2-уми ноябр дар пойтахти Ҳинд шаҳри Деҳлӣ оғоз шавад ва аввали ҳафтаи оянда ба кори худ поён диҳад.
Аввалин рӯзи Конфронс таҳти раисии генерал Назарзода

Баррасии ҷараёни татбиқи як тарҳи байналмилалии ҳолатҳои фавқулодда дар Душанбе

6-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода мулоқоти ҳамоҳангсозии шарикони барномаи  DIPECHO- IX  (Барнома оид ба омодагӣ ба офатҳои табиии шуъбаи кумакҳо ва ҳимояи граждании Комиссияи Аврупо ЕСНО) багузор шуд.
Дар ин мулоқот роҳбарони 11 созмонҳои байналмилалие чун

Ҷаласаи Шуро оид ба муҳокимаи ҳолатҳои фавқулодда дар Ереван

29 сентябри соли 2016 дар Ереван ҷаласаи нӯҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Р.Назарзода иштирок намуд.
Иштироккунандагон масоили густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар доираи истифода бурдани

Ҳайате аз Кумита барои омӯзиши таҷрибаи ҳамсоягон ба Қирғизистон рафт

Як ҳайат аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиш ва табодули таҷриба ба Қирғизистон сафар кард.
Бо мақсади омӯзиш ва табодули таҷриба дар самти пешгирӣ ва бартарфсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии ҷонишини Раиси Кумита, полковник Ҷамшед Маҳмадзода ба

Страницы