Аз рӯзи 18 ноябр ҳаво сардтар мешавад, барфу боронҳои пуршиддат низ дар назаранд. Чанд тавсия ба ронандагон
Чоп шуд: 17/11/2020 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 18 ноябр то 21 ноябри соли 2020 ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон меборад ва он ба барфи тар бадал мешавад, дар баъзе минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳҳо барфи шадид меборад. Шамол дар як сония 17-22 метр мевазад.