Боз як наврас ғарқи об шуд. Ин ҳодиса рӯзе қабл дар Ҳисор рух дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо шаҳрвандонро огоҳ карда буд, ки ҳоло мавсими оббозиву шиноварӣ ва истироҳат дар соҳили обҳо фаро нарасидааст ва аз волидон хоҳиш карда буд фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳодисаҳоие рух медиҳанд, ки бар асари он кӯдакон дар обҳо ғарқ мешаванд ва ҷон аз даст медиҳанд.

Чунончӣ, 15 майи соли 2024 соати 17:00 як навраси 13-сола, сокини шаҳри Ҳисор дар оби дарёи Хонақоҳ ғарқ шуд.

Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот аз ҷониби кормандони шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ ҷасади ин наврас соати 06 субҳи рӯзи 16 майи соли 2024 як километр поинтар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори ҳамдардиву таслият ба хонаводаи ин навраси фавтида як бори дигар ба падарону модарон муроҷиаат мекунад, ки кӯдакону наврасонро тани танҳо ба соҳили обҳо равон накунанд ва муҳимтар аз ҳама онҳоро беназорат нагузоранд.

барчасп: