Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои пуршиддат, селҳо ва раъду барқи рӯзҳои 18-19-уми май
Чоп шуд: 16/05/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар такроран ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки 17 майи соли 2024 дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои гарду ғубор боқӣ мемонад, аммо 18 май боронҳои пуршиддат меборанд ва ва раъду барқ ва бориши жола низ эҳтимол дорад.