КҲФ: Хатари офатҳои табиӣ то 22-уми май боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Чоп шуд: 18/05/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 17 то 22 майи соли 2024 дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон хатари омадани селҳо, резиши сангу ярч боқӣ мемонад.